НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 25.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз мегардад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ба хабарнигорон иттиилоъ дод.
Ин эстакадаҳо дар буриши кӯчаҳои Шерализода — хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, буриши хиёбони Ҳофизи Шерозӣ-хиёбони Саъдии Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, буриши кӯчаи Назаршоев, кӯчаи Айнӣ бо хиёбони Саъдии Шерозӣ, буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо кӯчаи Неъмат Қарабоев, буриши кӯчаҳои Қаҳҳоров бо Абай, буриши кӯчаи Қаҳҳоров бо хиёбони Абдураҳмони Ҷомӣ ва буриши кӯчаи Қаҳҳоров бо кӯчаи ҷанубӣ таҳия шудаанд.
«Бо назардошти ҷалби маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 58 миллион долари амрикоӣ ва бо ҷалби мутахассисони варзидаи дохилию хориҷӣ корҳои сохтмонӣ дар онҳо оғоз меёбанд», -гуфт Бахтиёр Шарифӣ.
Ёдовар мешавем, ки 28 декабри соли 2023 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардида буд, ки дар се соли оянда дар шаҳри Душанбе 40 километр роҳҳои мошингард бо 7 эстакада (роҳҳои болоиҳам) бо арзиши умумии зиёда аз 3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.
«Мо тасмим гирифтаем, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкардаамон дар панҷ – шаш соли оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонем. Яъне бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафи стратегиамон – ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил шуда, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии халқамонро таъмин намоем»,- изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар пойтахт 20 чорроҳаи сесатҳа сохта мешавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






