НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

Июль 24, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 220 коргоҳу  корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар шаш моҳи соли равон ба маблағи 882,9 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 232,7 миллион сомонӣ ё 35,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт Дилшод Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар шаш моҳи соли 2025 ҳаҷми умумии гардиши савдо 2 миллиарду 199 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 бо назардошти индекси нархҳои истеъмолӣ 493 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ба 915,8 миллион сомонӣ баробар гардид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 бо назардошти индекси нархҳо 223,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

«Ҳаҷми хизматрасонии маишӣ дар ин давра 114,9 миллион сомониро ташкил намуд. Ин нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2024 15,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад»,- гуфт раиси ноҳия.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ

Июль 24, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад