Пагоҳ дар Душанбе маросими қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор мегардад

Июль 21, 2025 09:53

ДУШАНБЕ, 21.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 22 июл дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии қисми асосии Ҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар марҳилаи 1/8ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дувоздаҳ бошгоҳи Лигаи олӣ — «КМВА», «Истиқлол», «Барқчӣ», «Хуҷанд», «Вахш», «Равшан», «Ҳосилот», «Регар-ТадАЗ», «Истаравшан», «Эсхата», «Ҳулбук» ва «Панҷшер» — вориди рақобат мешаванд. Ҳамчунин чаҳор дастаи Лигаи якум — «Парвоз», «Сардор», «Саройкамар» ва «Ваҳдат» ба ин марҳила роҳ ёфтаанд.

Имсол ҳар марҳилаи Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат буда, дастаҳои мизбон дар асоси натиҷаи қуръакашӣ муайян карда мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 21, 2025 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд