Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 12.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Дар кӯдакистон шароити мусоиди таълим барои омӯзиш, машғулият ва бозиҳои гуногуни амаливу зеҳнии кӯдакон фароҳам оварда шудааст.
Дар 5 кӯдакистон ва муассисаи таълимии томактабӣ дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Нуробод, Росровут, Чӯянгарон ва Басманда дар маҷмуъ зиёда аз 400 кӯдак ба машғулиятҳои шавқовару зеҳнӣ фаро гирифта шуда, ҳамзамон дар онҳо беш аз 100 мураббӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Деваштич зиёда аз 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият намуда, дар ташаккули зеҳнии кӯдакон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд.
Дар ҳамин ҷо бинои сеошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич, ки барои 1000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, ифтитоҳ гардид. Он бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, аз 18 синфхонаи муосири таълимӣ бо дастгоҳу лавозимоти хониш иборат мебошад. Майдончаи варзишӣ ва таълимгоҳ барои гузаронидани дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ аз имкониятҳои дигари мактаб мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Деваштич беш аз 78 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 41 454 хонанда фаъолият дорад.
Инчунин, дар ин рӯз толори варзишӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар маркази ноҳияи Деваштич ба фаъолият оғоз намуд.
Иншооти варзишӣ дорои толори варзишӣ бо зиёда аз 250 ҷойи нишаст ва ҳуҷраҳои корию либосивазкунӣ мебошад. Ҷавонон имкон доранд, ки дар толори варзишӣ ба бозиҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла баскетбол, футболи хурд ва дигар намудҳои варзиш машғул шаванд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар маҷмуъ дар ҳудуди ноҳия 78 майдоначаи варзиш, 29 толори варзиш ва 1 маҷмааи варзиш фаъолият менамояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисонро ба истифода доданд.
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ду ошёна, 8 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ барои 50 коргар иборат мебошад.
Бинои мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, соҳибкорон ва аъзои фаъоли ҳизб бо тарҳи муосир сохта шудааст.
Дар иншоот барои пешбурди фаъолияти корӣ беҳтарин шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.
Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон уҳдадор шуданд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи корӣ қарор дода, фаъолияти хешро ҷоннок менамоянд ва дар ободонӣ ва таҳкиму суботи кишвар саҳми муассир мегузоранд.









Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон






