Рӯзи байналмилалии мубориза ба муқобили тӯфонҳои рег ва чанг. Чӣ боис мешавад, ки чангу ғубор ба амал меояд?

Июль 12, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 12.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 июл аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии мубориза ба муқобили тӯфонҳои рег ва чанг эълон гардидааст. Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинмурод Самиев оид ба сабабҳои ба вуҷуд омадани чангу ғубор суҳбат намуд, ки фишурдаи он дар зер пешниҳод мешавад.

— Дар раванди тағйирёбии иқлим ва омилҳои метеорологӣ ба амал омадани чангу ғубор дар ҷумҳурӣ назар ба солҳои қаблӣ бештар гардидааст.

Мувофиқи мушоҳидаҳои мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ дар нимсолаи якуми соли равон 38 маротиба ба амал омадани чангу ғубор дар мамлакат, хусусан дар фасли баҳор мушоҳида гардид. Ҳол он ки дар соли гузашта ба ҷумҳурӣ воридшавии чангу ғубор 35 маротиба ба қайд гирифта шуда буд.

Чӣ боис мешавад, ки чангу ғубор ба амал меояд?

Кам шудани боришот, баланд гардидани ҳарорат дар минтақаҳои биёбон ва нимбиёбони кураи Замин, хушк гардидани қабати болои замин ва намнокии ками он, боиси ба амал омадани чангу ғубор дар сайёра мегардад. Чангу ғуборе, ки ба фазои мамлакат ворид мешавад, сабаби ифлосшавии ҳавои атмосфера мегарадад. Ин моддаҳои муаллақ, яъне чанг аз заррачаҳои андозаашон 10 мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр (Рм-2,5) иборат мебошанд, ки метавонанд муддатҳои дароз дар фазо боқӣ монанд. Чангу ғуборе, ки ба ҳаво паҳн мешавад, тариқи шамол ба кишвари мо ворид мегардад. 75 фоизи ба вуҷуд омадани чангу ғубор асосан аз ҳисоби омилҳои табиӣ буда, 25 фоизи он бар асари боришоти кам, хушк шудани замин ва ба амал омадани шамолҳои сахт, сохтмон ва дигар равандҳои табиию саноатӣ марбут аст.

Ба ҷумҳурии мо чангу ғубор асосан аз қисмати ҷанубу ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ ворид мегардад, мутаасифона солҳои охир воридшавии чангу ғубор аз самти шарқии мамлакат, хусусан ноҳияи Мурғоб мушоҳида мешавад. Дар Тоҷикистон ҳамасола дар фасли тобистон ва тирамоҳ воридшавии чангу ғубор ба мушоҳида мерасад, аммо соли равон дар моҳи май бештар ба қайд гирифта шуд, ки сабабаш боришоти ками борон аст.

Дар як сол аз ҳисоби техника ва корхонаҳои саноатӣ ба атмосфера беш аз 170 миллион тонна чангу ғубор меафтад

Дар як сол дар ҷаҳон аз ҳисоби техника ва корхонаҳои саноатӣ ба атмосфера беш аз 170 миллион тонна чангу ғубор меафтад, ки ба саломатии инсон, кишоварзӣ ва олами набототу ҳайвоноти сайёра таъсири манфӣ мерасонад Ҳадди ақал 25 фоизи партовҳои ҷаҳонии ғубор аз фаъолияти инсон ба амал меояд ва дар баъзе минтақаҳо миқдори ғубори биёбон дар қарни 20 ду баробар афзоиш ёфтааст. Таъсири ин зуҳуротро назорат кардан душвор аст, зеро фаъолияти инсон дар як минтақа метавонад дар дигар минтақа тӯфони регу чангро ба вуҷуд орад.

Ба амал омадани чангу ғубор боиси обшавии бесобиқаи пиряхҳо гардидааст

Чангу ғубор ба ҷумҳурӣ бештар аз шимоли Афғонистон, аз биёбонҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ, Эрон ва Туркманистон, инчунин аз шимолу ғарб, хусусан аз ҳудудҳои хушкшудаи баҳри Арал ҳангоми ба амал омадани тӯфонҳои регӣ ва шамолҳои шиддатнок дар биёбонҳо ба қаламрави мамлакат ворид мегардад. Хусусан чангу ғуборе, ки аз ҳудудҳои хушкшудаи баҳри Арал ба фазои мамлакат ворид мешавад, дар таркибаш намак ва дигар моддаҳо дошта, боиси обшавии пиряхҳо гардидааст. Ба амал омадани чангу ғубор ба рушду пешрафт ва иқтисодиёти давлатҳо хисороти ҷиддӣ ворид менамояд. Хусусан ба соҳаи кишоварзӣ, парвариши меваю сабзавот, зироати полезӣ ба сифаташон таъсири манфӣ расонида, ба паст гардидани нахи пахта, ки маҳсулоти стратегӣ маҳсуб меёбад, оварда мерасонад. Инчунин ба низоми аэронавигатсионӣ, аз ҷумла, парвози ҳавопаймоҳо, фурудоии онҳо ва дигар киштиҳои ҳавоӣ, ҳамзамон ба ҳаракати нақлиёти гуногуни рӯизаминӣ ва обӣ монеъа эҷод менамояд.

Чангу ғубор ба саломатии одамон таъсири манфӣ мерасонад

Ба амал омадани чангу ғубор дар дилхоҳ минтақаи сайёра ба саломати инсонҳо таъсири манфӣ мерасонад, хусусан ба шахсоне, ки мубталои бемориҳои роҳҳои нафас — асмаи бронхиалӣ, бронхити аллергетикӣ, сили аллергетикӣ, илтиҳоби шуш, омоси шуш, ҷоғар, системаи асаб, бемории дилу рагҳо- стенокардия, фишорбаландӣ, бемории ишемикии дил мебошанд.

Шахсоне, ки мубталои бемориҳои дилу раг ва роҳҳои нафасанд, инчунин ҳассосият доранд, ҳангоми ба амал омадани чангу ғубор ҳолаташон вазнин мешавад нафастангӣ, дилбеҳузурӣ, дарди сар, фишорбаландӣ фишорпастшавӣ, кашишхӯрии рагҳои гардан, дард дар қафаси сина, гум шудани иштиҳоро эҳсос менамонд. Онҳо бояд аз ниқобҳои якдафъаинаи тиббӣ истифода баранд, дар маҳалҳои чангу ғубор камтар гаштугузор намуда, зуд-зуд об нӯшанд, хонаро бо латтаи тар зуд-зуд пок созанд, гигиенаи шахсиро риоя намуда, доруҳое, ки табибон ба онҳо тавсия додаанд, дар вақташ истифода намоянд.

Дар самти ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор тӯфонҳои регу чанг мушкилот эҷод менамоянд

Тӯфонҳои регу чанг барои ноил шудан ба рушди устувор дар ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии он мушкилоти ҷиддӣ ва густурда эҷод мекунанд. Тӯфонҳои регу чанг дар даҳсолаҳои охир бинобар таъсири назаррас ба муҳити зист, саломатӣ, кишоварзӣ ва некӯаҳволии иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ба як мушкилоти асосии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Тӯфонҳои рег ва чанг қисми муҳими давраҳои табиии биохимиявии замин мебошанд, аммо қисман аз омилҳои инсонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва идоракунии ноустувори замин ва об ва биёбоншавӣ ба вуҷуд меоянд.

Тӯфонҳои регу чанг, дар навбати худ, ба тағирёбии иқлим ва олудашавии ҳаво мусоидат мекунанд. Оқибатҳои тӯфонҳои регу чанг дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон, ҳам дар давлатҳои пешрафта ва ҳам дар мамлакатҳои дар ҳоли рушд мушоҳида мегарданд ва барои ноил шудан ба Ҳадафҳои 11 ва 17-и Ҳадафҳои Рушди Устувор ва воситаҳои татбиқи онҳо, бахусус Ҳадафҳои 2 -аз байн бурдани гуруснагӣ, 3 -таъмини тарзи ҳаёти солим, 6 -оби тоза ва санитария, 8-рушди иқтисодӣ, 11 – шаҳрҳо, 13-тағйирёбии иқлим ва 15 — идоракунии устувори ҷангал, мубориза бо биёбоншавӣ, боздоштан ва барҳам додани таназзули замин ва боздоштани талафоти гуногунии биологӣ ва воситаҳои иҷрои онҳо мушкилоти ҷиддиро ба вуҷуд меорад.

Бо кадом роҳ метавон бо чангу ғубор мубориза бурд?

Роҳҳои пешгирии аз чангу ғубор кабудизоркунии маҳал, зиёд намудани ҷангалзорҳо гузаронидани корҳои агротехникӣ, ташкили минтақаҳои муҳофизатӣ мебошад, ки метавонад миқдори чангу ғуборро кам ва иқлими муайян ё микроклиматро ба вуҷуд биёрад ва инчунин бояд чорво кам чаронида шавад.

Ба андешаи коршиносони соҳа, яке аз роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор ин зиёд намудани дарахтони паҳнбарг, ҳамешасабз, буттазор ва ҷангалзор мебошад. Дарахтони паҳнбарг, ки умрашон дароз ва қадашон баланд аст, ба мисли тӯс, сӯзанбаргҳо, ҷалғӯза, чинор, беду сафедор, булут, ки чангу ғуборро бештар ба худашон мегиранд, бояд дар тамоми минтақаҳои мамлакат шинонида шаванд. Инчунин майдони боғу токзорро мебояд васеъ намуд. Хусусан дар минтақаҳои ҷанубу ғарбии мамлакат, ки бештар чангу ғубор аз ин самтҳо ворид мегардад, бо мақсади кам кардани консентратсияи чанг бояд минтақаҳои муҳофизатӣ бо бунёди ҷангалзор ташкил намуд.

Тоҷикистон то соли 2040 бо шинонидани беш аз 2 миллиард дарахт ба «кишвари сабз» табдил дода мешавад

Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки тибқи он дар марҳилаи якум солҳои 2025-2027 беш аз 10 миллион ва то соли 2040 зиёда аз 2 миллиард бех ниҳолу бутта шинонида мешавад.

Ин тадбири саривақтӣ ва оқилона имкон медиҳад, ки дар оянда Тоҷикистон ба яке аз мамлакатҳои «сабз» табдил дода шавад ва дар самти мубориза бо биёбоншавӣ ва чангу ғубор дар миқёси ҷаҳон Тоҷикистон қадамҳои муассири худро гузорад.

Ҳамзамон тадбири дигаре, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат андешида шудааст, ин рушди иқтисоди «сабз» мебошад. Дар доираи амалӣ гардонидани ин иқдом дар мамлакат садҳо километр роҳҳо мумфаршуда шуда, воридоти нақлиёти барқӣ, ки ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист мусоидат менамояд, беш аз пеш меафзояд. Гуфта мешавад, ки алҳол дар роҳҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 35 ҳазор нақлиёти барқӣ ҳаракат намуда, ба мусофирон хизмат мерасонанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 12, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

200 нафар занони соҳибкор аз грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор мегарданд
Хадамоти давлатии оташнишонӣ кафили бехатарии мардуми Тоҷикистон аст. Ба ифтихори иди касбии кормандони соҳа
Фарҳод Раҳимӣ: «Иқдоми стратегии Президенти Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле саривақтӣ аст»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани туршак организмро ҷавон карда, масуниятро баланд мебардорад
Барномаҳои таълимии даврҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳия гардидаанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хушкмева биноиро мустаҳкам намуда, барои таъмини витаминҳои бадан муфид аст
КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ (ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН!
ПЕШВОИ ТАШАББУСКОР ВА ДАВЛАТИ ТАЪСИРГУЗОР
Донистани роҳҳои дурусти муҳофизат аз гармии тобистон барои ҳифзи саломатӣ муҳим мебошад
То замони муосир барои шарҳи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бештар аз 10 фарҳанг ба қалам омадааст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани сирпиёз пиршавиро пешгирӣ менамояд