Сармоягузорони Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 29.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 июл бо мақсади шиносоӣ бо шароит ва имконоти мавҷудаи Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ — Чайна байналмилал» Хе Кангтай ба ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» рафтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Мустафо Абдуллозода оид ба ҷараёни бунёди инфрасохтори минтақа, корхонаҳои саноатӣ, имконоти сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавҷудияти захираҳои зиёди ашёи хоми маҳаллӣ дар атрофи ин минтақа маълумот дод.
Меҳмонон ҳамзамон бо ҷараёни сохтмон дар зеристгоҳи барқии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», бинои маъмурӣ, меҳмонхона барои 20 ҷой ва раванди истеҳсолот дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик Алмос»- корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ, аз ҷумла ҳавотозакунакҳои ҳавоӣ ва равғанӣ шинос гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






