Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд

Июль 12, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 12.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич хатти оби полезиро бо се чоҳи амудӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Хатти оби полезӣ аз мавзеи Басманда аз масофаи беш аз 9 километр тавассути қубури қутраш 400 миллиметра оварда шудааст. Ба ин восита масоҳати заминҳои обии саҳмдорони хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонов аз 375 гектар ба 800 гектар расид.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин иқдом бо мақсади истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳо аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардид. Ин раванд ба шодоб намудани заминҳои лалмӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани қитъаҳои нав ва афзун намудани кишти картошка мусоидати фаъол хоҳад кард.

Бо обёрии 500 гектар замини нави картошка дар ноҳияи Деваштич 1000 кас соҳиби кор шудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа супориш доданд, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷудаи кишвар истеҳсоли картошка дар ноҳияи Деваштич то соли 2030 ба 500 ҳазор тонна ва то соли 2050 ба 1 миллион тонна расонида шавад.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои рушду пешрафти соҳаи картошкапарварӣ бо иштироки олимони соҳа дар хоҷагиҳои картошкапарварии ноҳияи Деваштич семинар- машварати ҷумҳуриявӣ баргузор карда шавад.

Кишоварзони ноҳияи Деваштич бо роҳи аз худ кардани заминҳои нав ва обёрии заминҳои лалмӣ тавассути кандани чоҳҳои амудӣ масоҳати кишти картошкаро афзоиш дода, имсол онро нисбат ба дурнамои пешбинигардида ба бештар аз 800 гектар васеъ карданд.

Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи заминҳои нави ҳамин сол обёришуда дар ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристонро, ки дар онҳо кишти картошка гузаронида шудааст, муаррифӣ карданд. Таъкид гардид, ки ба ҳамин восита майдони кишти картошка дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ 1053, Деваштич 816 ва Шаҳристон 501 гектарӣ нисбат ба дурнамо зиёд шуд.

Кишоварзони ин ноҳияҳои вилояти Суғд дар баробари зиёд намудани дигар зироатҳои кишоварзӣ ба кишт ва истеҳсоли картошка таваҷҷуҳи бештар медиҳанд.

Ҳоло масоҳати кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба 29 716 гектар расидааст. Ба ҳолати 1 июли соли равон 58 ҳазору 521 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3000 тонна зиёд аст.

Зимни боздид аз қитъаи намоишии кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонов ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло аз 12 навъи киштгардида дар ин ҷо 9 навъи он тухмиҳои ватанӣ буда, асосан масоҳати бештари кишти картошкаро дар ноҳия навъҳои маҳаллӣ ташкил медиҳад.

Ҳосилнокии картошка ба ҳисоби миёна аз 350 то 400 сентнериро ташкил дода, баъзе хоҷагиҳо то 650-700 сентнерӣ ҳосил мегиранд. Аз нашъунамои киштзори картошка аён аст, ки ҳосили имсола дар ноҳияи Деваштич нисбат ба соли сипаришуда фаровон аст. Хоҷагидорони ноҳия дар истеҳсолу таъмини хоҷагиҳои кишвар бо картошкаи тухмӣ нақшу саҳми назаррас доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо нашъунамои картошка дар хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонов аз таҷрибаи заминдории саҳмдорон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ҳамин ҷо, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, сабзавоту полезӣ, картошка, меваҷот, хушкмеваҳо ва нону маҳсулоти нонӣ дидан намуданд, ки бозгӯи самараи кори садоқатмандонаи кишоварзони вилояти Суғд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сокинонро ба масъалаи истифодаи оқилонаи заминҳои корам, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, ҳарчӣ бештар обёрӣ кардани заминҳои лалмӣ, истеҳсоли тухмиҳои баландҳосил ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ равона намуданд.

Ба кор даровардани хатти оби полезӣ ва муаррифии лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон 12.07.2025

Июль 12, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ ва ҳайати бонкҳои қатариро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии томактабии рақами 59-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхтаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро ба истифода доданд
Оғози тақсими “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Дастаи алоҳидаи таъйиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Боздиди кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Турсунзода
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129-ро дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ ифтитоҳ намуданд