Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
ТУРСУНЗОДА, 24.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаҳои Ортиқ Ҷумаев ва Темурмалики Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода нуқтаҳои оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Сокинони деҳаҳои Ортиқ Ҷумаев ва Темурмалик солҳо боз ба мушкилоти нарасидани оби нӯшокии тоза гирифтор буданд. Хушбахтона, бо ташаббуси яке аз шахсони саховатпеша, соҳибкори ватандӯст Ибодулло Имомов аз чуқурии 190 метр об бароварда, сокинони зиёда аз 500 хоҷагии деҳаи Ортиқ Ҷумаевро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намуданд. Ин ташаббуси неку шоистаи соҳибкор сабаби хушҳолии тамоми сокинони деҳа гардид.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода барои чунин амали хайр ба соҳибкор миннатдорӣ баён намуд. Ҳамчунин сокинону фаъолони деҳа даъват шуданд, ки дар ояндаи наздик бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас дар деҳа як кӯдакистони наву замонавӣ сохта, ба истифода дода шавад. Аҳли деҳа ин таклифи роҳбарияти шаҳрро бо ҳамовозӣ дастгирӣ карда, ваъда доданд, ки аз пайи иҷрои ин иқдом мешаванд.
Ҳамчунин бо дастгирии аҳли деҳаи Темурмалики Ҷамоати деҳоти Навобод аз чуқурии 180 метр оби тозаи нӯшокӣ бароварда шуд. Ин оби ошомиданӣ ба тамоми манзилҳои истиқоматии деҳа тақсим карда шуд. Ташаббускории сокинони деҳоти Навобод дар доираи ҷашни бузургу таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.
Сокинони деҳаи Темурмалик бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар оянда низ созандагию бунёдкориро идома дода, дар рушду пешрафти диёр ҳиссаи арзанда мегузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






