«Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» самаранок татбиқ мешавад

Июль 29, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳама самтҳо бо масъулияти касбӣ ва садоқати баланд фаъолият намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Ин матлабро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода 29 июл дар нишасти матбуотӣ баён намуд.

Убайдулло Асрорзода афзуд, ки дастовардҳои мазкур ифодаи равшани саҳми донишгоҳ дар татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Таъкид гардид, ки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, ба масъалаҳои муҳими марбут ба рушди таҳсилоти олӣ, аз ҷумла татбиқи технологияҳои муосиру рақамӣ, таҳкиму густариши заминаҳои моддию техникӣ, такмили ихтисоси кормандон, тақвияти корҳои илмию тарбиявӣ, вусъати робитаҳои байналмилалӣ ва ба ин васила таъмини сатҳи баланди сифати таълим таваҷҷуҳи махсус равона намуданд.

Бо дарки амиқи ин ҳидоятҳо ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат раёсати донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ маҷмуи чораҳои мушаххасро амалӣ намуда, фаъолияти муассисаро дар самтҳои калидӣ таҳким бахшид. Аз ҷумла, бо мақсади вусъат бахшидани равандҳои ҳамгироӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ба ташкили табодули академии донишҷӯён, тақвияти корҳои илмию таҳқиқотӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва иштироки ҳайати роҳбарикунанда дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Убайдулло Асрорзода иттилоъ дод, ки татбиқи нақшаҳои стратегӣ, иҷрои саривақтии қарорҳои Шурои олимон, раёсат ва ҷаласаҳои назоратӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва шарикони рушд имкон фароҳам овард, ки мавқеи донишгоҳ дар фазои таҳсилоти миллӣ ва байналмилалӣ таҳким ёфта, нишондиҳандаҳои рушд ба маротиб афзоиш ёбанд.

Амалисозии маҷмуи чорабиниҳо дар самтҳои таълим, илм ва инноватсия, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва дигар самтҳо имкон фароҳам овард, ки мавқеи донишгоҳ дар бозори хизматрасонии таҳсилотӣ боло рафта, дастоварду муваффақият бамаротиб афзоиш ёбанд.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода вобаста ба дастовардҳои донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2025 маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ба саволҳои сершумори намояндагони Воситаҳои ахбори омма дар якҷоягӣ бо роҳбарони воҳидҳои сохтории донишгоҳ посухҳои қаноаткунанда доданд.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки натиҷаҳо дар давраи ҳисоботӣ назаррасанд, вале новобаста аз дастовардҳо мо бояд сайъю талош намоем, ки барои тақвияти минбаъдаи фаъолият тибқи «Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» тадбирҳои зарурӣ андешем.

Ҳамзамон Убайдулло Асрорзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои дастгирии пайваста ва муаррифии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути радиою телевизион арзи сипос намуд. Таъкид шуд, ки маҳз таваҷҷуҳи хоссаи онҳо ба донишгоҳ имконияти сол ба сол зиёд гардидани дастовардҳои донишгоҳро дар фазои таҳсилоти ватанӣ ва хориҷӣ бештар мегардонад.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамзамон роҳбарони воҳидҳои сохтории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, директорони донишкадаҳои байналмилалии Левакант, Данғара ва Хуҷанд, инчунин директорони коллеҷҳо, литсейҳо, институтҳои таълимӣ, институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва директорони марказҳои назди донишгоҳ иштирок намуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 29, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир
«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илму маориф ҳамоиш баргузор шуд
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст
Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад