ҲУКУМАТИ ЭЛЕКРОНӢ. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба самти инноватсионии рақамӣ мегузарад

Июль 30, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 30.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисод»-и Бонки ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад. Дар доираи он вазорат пурра ба самти инноватсия гузашта, тамоми сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мутамарказ гардонида мешаванд. Дар ин хусус имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иттилоъ дод.

Солеҳа Холмаҳмадзода изҳор намуд, ки талаботи пешрафти тамоми давлатҳои мутараққӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин гузаштан ба ҳукумати электронӣ ва инноватсия ба шумор меравад. «Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд. Дар ин самт дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо барои гузаштан ба ҳукумати электронӣ аллакай амалӣ мешавад. Ба тамоми маводе, ки ба унвони вазорат меоянд, ба тариқи  электронӣ посух дода мешавад. Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ намуда истодаем. Мутахассисон барои корбарӣ намудан дар самти инноватсия ва иқтисоди рақамӣ пурра омӯзонида мешаванд»,-баён дошт вазир.

Иброз гардид, ки Лоиҳаи ҳамгироии иқтисодии Бонки ҷаҳонӣ дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад, ки он ба татбиқ ва гузариш ба ҳукумати электронӣ ва инноватсия равона карда шудааст. Бо амалишавии ин лоиҳа чигунагии омор, дурустии омор, омори муайян ва мушаххас, ки бояд ҳар вазорату идораи дахлдор дошта бошанд, аз ҷумла дар самти меҳнат ҳамаи он электронӣ ва мушаххас тақсимбандӣ карда мешавад.

Солеҳа Холмаҳмадзода баён дошт, ки дар ин самт бо татбиқи ин лоиҳа, ки бевосита ба самти иқтисоди рақамию инноватсия равона гардидааст, серверҳо дар бинои асосии вазорат ва ҳамзамон Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ гузошта мешаванд.

«Вақте ки пурра таҷҳизот насб гардид, вазорат ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имкон доранд бо ҳам пайваст шуда, мутамарказ гарданд. Муҳлати лоиҳа ҳоло идома дорад. Мо қадамҳои нахустинро оғоз намудем ва ба Ҳукумати электронӣ гузаштем. Дар мавриди амалишавии лоиҳа мо имкон дорем тамоми омори  мушаххас ва дақиқро аз система дарёфт намоем», — афзуд Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд