35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд биноҳои Маркази саратоншиносӣ ва Маркази эндокринология бунёд карда мешаванд

Август 22, 2025 17:30

 ДУШАНБЕ, 22.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, варзиш ва биноҳои маъмурӣ бунёд карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои иловагии гимназияи №-4 идома дорад. Бинои иловагӣ аз 4 ошёна ва 32 синфхона иборат мебошад.

Ҳамчунин дар шаҳр биноҳои Маркази саратоншиносии  6-ошёна бо 160 кат, Палатаи савдо ва саноат, Суди вилояти Суғд, Маркази эндокринология барои 200 кат, бинои 7-ошёнаи Беморхонаи клиникавии №1 бо 200 кат, Маҷмааи варзишии «Суғд Арена» барои тамрини 1000 варзишгар ва кӯдакистонҳо сохта мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд бунёди 950 иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст. То имрӯз 900 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, ки беш аз 94 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 22, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд