4 август дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Август 2, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 02.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 август Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат ва Рӯдакӣ  оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ соати 10:00 доир мегардад.

Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор карда мешавад.

Нишасти матбуотии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ соати 14:00 дар толори  IT Park Dushanbe (кӯчаи Мирзо Турсунзода, 27а рӯ ба рӯи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон) баргузор мегардад.

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ соати 08:00 доир мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат соати 09:00 баргузор карда мешавад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Август 2, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд