Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Истиқлол фалсафаи ҳастии давлатдории имрӯзаи тоҷикон аст»

Август 8, 2025 08:57

ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол мардуми Тоҷикистон 34-солагии Истиқлоли давлатиро ҷашн мегиранд. Истиқлоли давлатӣ бузургтарину муқаддастарин неъмат ва нишонаи олии ҳувияти миллӣ мебошад.

Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ чунин ибрози назар намуд:

— Истиқлол на танҳо падидаи сиёсӣ, балки нидои руҳи ҳар миллат аст. Он нидоест, ки аз умқи таърихи куҳан баланд гардида, дар тору пуди ҳастӣ ва ҳар нафаси озоди халқ танинандоз мегардад. Истиқлол суруди беохири озодӣ ва виҷдону шараф аст, ки дар қалби фарзандони содиқи Ватан бо шуълаи нур ҷилва мекунад. Рӯзгори Истиқлол, бешак, рӯзгори бедорию хештаншиносӣ аст, рӯзгори бозгашт ба решаҳои таърихӣ, рӯзгори эҳёи мафҳуми ватандӯстӣ ва шарафи инсонист.

Вале ҳеҷ истиқлол бе пуштибон ва ҳидоятгар устувор намемонад. Дар роҳи душвору пурхатари Истиқлоли тоҷикон  маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар душвортарин лаҳзаҳои таърихӣ, дар миёни оташи ҷангу парешонӣ, бо диле саршор аз меҳри Ватан, бо иродаи қавӣ ва бо паёми сулҳу ваҳдат, парчами сулҳу ваҳдати миллатро баланд бардоштанд ва ба сарнавишти миллат маънову мазмуни нав бахшиданд.

Пешвои муаззами миллат на танҳо раҳбар, балки  ойинаи тамомнамое ҳастанд, ки миллат худро дар он метавонад бубинад ва такягоҳе ҳастанд, ки мамлакат тавассуташон аз вартаи фано ба масири рушду оромӣ қадам бардошт.

Ҳар сол, вақте ки офтоби 9 сентябр тулуъ мекунад, мо на танҳо як сана, балки як руҳ, як ормон ва як аҳдро ҷашн мегирем. Ва ин ҷашн — ҷашни ҳастии мо, ҷашни номуси мо ва ҷашни Пешвои мост.

Соли 1991, вақте ки ҷаҳон шоҳиди фурӯпошии давлати абарқудрати Шуравӣ шуд, дар он лаҳзаҳои  пуртаҳлукаи рӯйдодҳои пасошуравӣ овози як миллати куҳанбунёд аз нав ба гӯш расид. Миллати тоҷик  — вориси фарҳанги бостон, соҳиби таъриху тамаддуни  куҳан  бори дигар ҳаққи худро барои будан, барои зиндагии озод, барои соҳиби давлату сарнавишт шудан  талаб кард ва 9 сентябри ҳамон сол Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Он рӯз  дар назар як санад буд ва як эъломия. Вале дар асл оғози як марҳалаи пурпечутоби таърихӣ, оғози ҷустуҷӯйи худ, эҳёи манишу маънавият ва аз ҳама муҳим, ташаккули як давлате буд, ки ба фарҳанг, ба ваҳдат ва ба рушди миллӣ такя менамуд.

Вале истиқлол танҳо озодӣ аз тобеият нест. Истиқлол маънои масъулияти комил, худшиносӣ ва хештаншиносиро дорад. Рӯйдодҳои солҳои 90-уми асри гузашта, махсусан ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, касодии бозори иқтисод, фалаҷ гардидан ва қисман пош хӯрдани сохторҳои давлатӣ  ҷумҳуриро дар вартаи нобудӣ қарор дод. Ва маҳз дар ҳамин рӯзҳои тираву хатарзо абармарде аз байни халқ бархост ва садои сулҳу ваҳдат баланд кард.

Пешвои миллат — шахсе, ки бо овози ботамкин, бо дили пур аз муҳаббати ватан ва чашми умед ба оянда, аз минбари тақдири миллат сухан гуфт: «Ман ба хотири халқ, ба хотири сулҳ ва ягонагии миллат ҷони худро фидо мекунам». Ин овоз, ин ирода ва ин фидокорӣ пояи давлати навин ва муосири тоҷикон гардид.

Истиқлолият танҳо навъи идора нест, вай дар асл шуури нав аст. Шуурест, ки як миллат худро чун як воҳиди мустақил мебинад, масъули ояндаи худ мешавад ва мехоҳад, ки суботи имрӯзу рушди фардоро бо заҳмату иродаи хеш бунёд намояд.

Пешвои миллат на танҳо ин шуурро ташаккул доданд, балки бо сиёсати устувори худ онро ба низоми тафаккури давлатсоз табдил намуданд. Имрӯз Истиқлоли тоҷикон танҳо як санаи таърихӣ нест, балки ҷаҳони фикр, ҷаҳонбинӣ ва ормони миллати мутамаддин аст. Ба ибораи дигар, истиқлол фалсафаи ҳастии давлатдории имрӯзаи тоҷикон аст.

Ҳар миллат рӯзе бедор мешавад. Бедор аз фаромӯшии хештан, аз фаромӯшии таърих, аз фаромӯшии маънавӣ. Ва ҳамин бедорист, ки ба тору пуди давлат ва ҷомеа руҳу маънӣ ворид мекунад. Барои тоҷикон 9 сентябри соли 1991 на танҳо оғози як шакли нав, балки эҳёи маънавии дерин буд, яъне бозгашт ба худ, бозсозии ҳувият ва танинандоз намудани оҳанги хомӯшмондаи таърих. Агар гузашта гувоҳӣ диҳад, ҳар бедорӣ роҳе душвору пурпечутоб дорад, ки танҳо бо ирода, бо маърифат ва бо раҳнамоӣ онро  аз сар гузаронидан мумкин аст.

Истиқлолият аз нигоҳи фалсафӣ танҳо воқеаи ҳуқуқии сиёсӣ нест, балки ифодаи амиқи шуури мавҷудияти миллат ва бедории маънавии ҷамъият аст. Он на танҳо ҳаққи ташкили давлат аст, балки ҳаққи тафаккури мустақил, забони худ, таърихи худ ва ҷаҳони маънавии худ мебошад. Ба андешаи файласуфони классик, озодӣ танҳо он вақт арзиш дорад, ки дар заминаи маърифат ва масъулият вуҷуд дошта бошад. Пас, истиқлол ба сифати шакли олитарини озодӣ танҳо дар ҷомеае ҷилва мекунад, ки марҳалаи худшиносӣ ва хештаншиносии таърихиро гузаштааст.

Фалсафаи истиқлол бар се пояи асосӣ устувор аст:

  1. Шинохти худ ҳамчун миллат, бо забон, фарҳанг, таърих ва руҳи мушаххаси тамаддунӣ;
  2. Иқдом ба сохтани низоми маърифатӣ ва сиёсӣ бар пояи ҳамин шинохт, яъне ташаккули давлате, ки на нусха, балки идомаи таърихи худ бошад;
  3. Эҳсоси масъулият барои имрӯз ва фардо, яъне истиқлол ҳамчун рисолати ахлоқӣ ва наслӣ.

Фалсафаи истиқлол танҳо дар мавқеи сиёсӣ ифода намешавад. Он ҳамзамон як ҷаҳонбинӣ, як низоми арзишҳо ва як забони фикр аст. Миллате, ки истиқлол дорад, бояд қудрати маънавии онро низ дарк кунад, махсусан, дар гуфтори худ, дар тадриси фарзандон, дар муносибат ба табиат, дар тарзи сохтани фардо. Ба ҳамин маъно, истиқлол ҳамеша ҳамнафаси озодӣ ва ҳамқадами маърифат аст.

Дар шароити Тоҷикистон фалсафаи истиқлолият ба таври амалӣ бо таҷрибаҳои фоҷиавӣ ва саъю кӯшиши сиёсӣ ташаккул ёфт. Он чизе ки дар дигар давлатҳо метавонист ҳамчун ҳаққи табиӣ пазируфта шавад, дар Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ, бо шикасту бозсозӣ, бо таҳаммул ва сулҳ, бо хирад ва иродаи сиёсӣ амалӣ гардид. Аз ҳамин ҷост, ки истиқлоли тоҷикон дорои ҷаҳони маънавии вижа аст.

Дар таҳкими фалсафаи истиқлол дар Тоҷикистон нақши Пешвои миллат ҳалкунанда буд. Роҳбари давлат Истиқлолро на танҳо ҳифз намуданд, балки онро дар гуфторҳояшон, амалҳояшон ва иқдомашон тафсир карданд. Зери роҳбарии Пешвои миллат  истиқлол аз як рукни сиёсии расмӣ ба низоми маънавӣ, омӯзишӣ ва давлатсозӣ табдил ёфт. Истиқлол дар андешаи Пешвои миллат ҳам «бунёди Ватан» аст, ҳам «охирин паноҳгоҳи миллат» ва ҳам «пуле ба фардо».

Ҳамин аст, ки фалсафаи истиқлол на танҳо бо таҷрибаи сиёсӣ, балки бо андешаи фарҳангӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавъам аст. Он мисли нурест, ки аз фоҷиа гузашта, ба маърифати миллӣ табдил ёфтааст ва танҳо миллатҳое, ки онро шинохтанд ва маънидод карданд, метавонанд онро ҳифз ва такмил намоянд.

Фалсафаи истиқлол дар асл фалсафаи ҳастист ва он на фақат ҷудошавӣ аз як низоми сиёсист, балки бозгаштест ба худ, ба реша, ба маънии худ.  Барои ҳар миллате, ки таърихаш пур аз шикасту ғалаба, аз даст додану аз нав бархостанҳо бошад, истиқлол на танҳо дар забон, балки дар шинохти ҳастии хеш зоҳир мешавад.

Тоҷикистон, ки давоми таърих абарқудратҳо марзҳо ва сарнавишташро дигар мекарданд, бо бадастоварии истиқлол на танҳо шакли сиёсӣ, балки ақидаи ҳастӣ ва ҳуқуқи буданро дубора соҳиб шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози истиқлоли худ вориди ҷанги шаҳрвандие шуд, ки беш аз панҷ сол тӯл кашид ва боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор шаҳрванд ва фурӯпошии сохторҳои давлатдорӣ гардид. Вале ин фоҷиа бо тамоми талхиаш заминаро барои шуури нави миллӣ, шинохти зарурати сулҳ, ваҳдат ва ҳамзистии маънавӣ фароҳам овард.

Шахсияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин замина ҳамчун роҳбари қавиирода ва инсонгаро бо роҳи гуфтушунид, таҳаммул ва иродаи сиёсӣ сулҳи таърихии тоҷиконро таъмин намуд. Бо ҷумлаи таърихии ӯ, ки «Ман ҷони худро барои сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебахшам», воқеан як гардиши таърихӣ оғоз шуд, ки дар он роҳбар на танҳо субъекти сиёсӣ, балки муҳаррики маънавии эҳёи миллат гардид.

Баъдан бо барқарор шудани сулҳ ҷомеаи тоҷик вориди давраи нави бунёдкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ гардид. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти шиори асосии худ «Тоҷикистонро ба мамлакати пешрафта табдил медиҳем» марҳалаи стратегии давлатсозиро оғоз намуданд, ки бо сохтмони инфрасохтор, эҳёи иқтисод, барқарорсозии низоми маориф ва табдили Ваҳдат ба низоми ахлоқии иҷтимоӣ тавъам буд. Татбиқи лоиҳаҳои бузурги миллие, ба мисли Неругоҳи барқи обии «Роғун» (рамзи истиқлолияти энергетикӣ), нақбҳои стратегӣ (пайванди минтақаҳо ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ), барномаҳои рушди маориф ва фарҳанг (заминаи истиқлолияти маънавӣ), ҳамчунин афзоиши шумораи муассисаҳои илмӣ ва дастгирии забони давлатӣ Тоҷикистонро аз ҷумҳурии ҷангзада ба ҷомеаи устувори рӯ ба рушд табдил дод.

Дар ин давра иқдоми Сарвари давлат дар сатҳи байналмилалӣ низ хусусияти вижа гирифтанд. Тоҷикистон, ки то соли 2000 дар ҳошияи сиёсати ҷаҳонӣ қарор дошт, тадриҷан бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар масоили глобалӣ баромад намуд. Аз ҷумла, масъалаи об, ки давоми даҳсолаҳои охир ҳамчун захираи стратегӣ ва омили муҳими амнияти башарӣ шинохта шудааст, бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз меҳварҳои сиёсатгузории байналмилалии мамлакат табдил ёфт. Соли 2003 — эълони Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005–2015 — Даҳсолаи «Об барои ҳаёт», соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ниҳоят солҳои 2018–2028 — Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» — танҳо бахше аз иқдоми пазируфташуда дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид мебошанд, ки Тоҷикистонро ба мамлакати ташаббускор ва масъулияти ҷаҳонӣ табдил додаанд.

Маҳз ҳамин ташаббусҳо буданд, ки Тоҷикистонро дар заминаи дипломатияи об ва иқлим ҳамчун намунаи хоси «дипломатияи фарҳангӣ» муаррифӣ намуданд         , ки дар он ҷумҳурии мо тавонист бо пешниҳоди масъалаҳои универсалӣ (об, иқлим, пиряхҳо) дар ҳифзи суботи сайёра саҳм бигирад. Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк соли 2023, ки Тоҷикистонро ҳаммуассис муаррифӣ кард, ҳамин нуктаро таъйид намуд.

Истиқлол дар зеҳни тоҷикон имрӯз падидаи зинда ва мутаҳаррик аст: вай шакли шуури ҷамъиятӣ, забони фаҳми хештан ва модели зиндагии мустақилона ва бообрӯёна аст. Истиқлол маънои масъулият барои таърих, фардо ва инсониятро дорад. Зиндагӣ шояд маҷмуи таносубҳои муваққат бошад, вале маънии истиқлол доимист. Миллате, ки зиндагии худро бо ормон ва ҳикмат месозад, ҳеҷ гоҳ шикаст намехӯрад. Мо аз ҷанги дохилӣ нагузаштем, балки аз худ гузаштем, то ба худ расем. Мо на танҳо сулҳ кардем, балки маънии сулҳро фаҳмидем. Ва мо на танҳо соҳиби истиқлол ҳастем, балки мо соҳиби масъулияти ҷовидона барои нигоҳ доштан, таҳким бахшидан ва маънидод кардани он ҳастем.

Ҳамин тавр, Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон на танҳо ҳамчун шакли идора, балки ҳамчун забони нав,  забони таърихӣ, маънавӣ ва фалсафии миллат ташаккул ёфт. Дар фазои ҷаҳонии серпечутоби геосиёсӣ ва қудратталабӣ Тоҷикистон бо фалсафаи фурӯтанона, хирадмандона, сулҳҷӯёна ва масъулиятшиносии маънавӣ ба ҷаҳони муосир намунаи махсуси давлатдорӣ ва миллатсозиро нишон дод.

Ин ҳама собит менамояд, ки истиқлолият як падида нест, балки раванди бедории маърифатӣ, тасҳеҳи таърих ва таҷдиди ҳувият мебошад. Ба ҳамин маънӣ, таҷрибаи Тоҷикистон дар 34 соли Истиқлоли давлатӣ на танҳо барои муҳаққиқони соҳаҳои сиёсат ва фалсафа, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаест, ки чӣ гуна фоҷиа метавонад ба фалсафа ва фалсафа метавонад ба тарҳи нави давлат табдил ёбад.

Ва дар фарҷом мехоҳам садои дилро дар ин маврид рӯйи коғаз орам: Истиқлол, эй руҳи бедори миллат, ту танҳо дар парчам ва санад нестӣ, ту дар нафаси ҳар кӯдаки озод, дар чашмони модари ором, дар ҷисми кӯҳ ва ҷонҳои равшан ҳастӣ. Шояд саҳифаҳои таърихро метавон бо сиёҳу сафед навишт, вале саҳифаи Истиқлоли мо бо хуни фидоиён, бо ашки модарон ва бо меҳри Пешво навишта шудааст,  бо оҳанги мавзун ва дар ороиши нур.

Тоҷикистон, ту дигар танҳо як ҷуғрофия нестӣ, балки ту ормоне ҳастӣ, ки миллатро бо хештан шинос намуд. Ва агар имрӯз мо бо сари боло ва  бо ифтихор аз номат мегӯем, ин аз он аст, ки Истиқлоли ту аз байни оташ гузаштааст ва Пешвои  муаззами ту аз байни мардум, бо мардум ва барои мардум бархостаанд.

Истиқлол ба мо на танҳо озодӣ, балки масъулият дод, яъне  масъулияти ҳифз, эҳёи дубора ва расонидани ин рӯшноӣ ба фардо. Ва то даме ки ин миллат бо дили соф ва чашми бедор ба Ватан менигарад, Парчами Истиқлол дар осмони Тоҷикистон бо забони сулҳ сухан хоҳад гуфт, бо нафаси ваҳдат ва бо номусе, ки таърих онро эҳтиром хоҳад кард, парафшон хоҳад монд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 8, 2025 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт шинос гардид
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар ноҳияи Ёвон 484 иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 1,5 километр роҳи кӯчаи Сулҳ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мумфарш карда мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР МУҲИТИ ПАРЛУМОНӢ. Ояндае, ки имрӯз фаро мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуросон 239 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд ҳафтаи «Ҳаводорони илми афлок» оғоз гардидааст
Низоми баҳогузории 10-хола заминаи асосии ворид гардидан ба меъёрҳои байналмилалии таҳсил мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҳисор 1127 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон меҳмонхонаи «Хуҷанд» навсозӣ мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли тарбуз дар тобистон камобшавии бадан ва баланд шудани фишори хунро пешгирӣ менамояд
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Меҳргони ноҳияи Ҷаббор Расулов мумфарш карда мешавад