Ҳамкории Душанбе бо Фландрияи Шоҳигарии Белгия тақвияти бештар меёбад

Август 12, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 август бо даъвати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳайати Ҳукумати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо роҳбарии сардори корҳои ташрифотӣ ва маъмурии Ҳукумати Фландрияи Шоҳигарии Белгия хонум Ҷилл Виллем Суетенс ба шаҳри Душанбе омад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Сафари ҳайати Ҳукумати Фландрияи Подшоҳии Белгия ба шаҳри Душанбе то 16 август идома меёбад. Дар доираи сафар баргузории мулоқот бо роҳбарияти шаҳри Душанбе, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Бо мақсади муаррифии имконоти сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги мамлакат шиносоии ҳайати Фландрия бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Масҷиди марказӣ, Маркази ош, бозори Меҳргон, Қалъаи Ҳисор ва ноҳияи Варзоб ба нақша гирифта шудааст.

Сафари ҳайати Фландрия бо мақсади баррасии имконоти густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Фландрия дар соҳаҳои иқтисоду сармоягузорӣ, илмию техникӣ, саноатикунонӣ, рақамикунонӣ, энергияи «сабз», мудирияти ҳушманд ва истифодаи зарфияти сайёҳӣ танзим карда шудааст.

Фландрия яке аз минтақаҳои рушкардаи иқтисодию тиҷоратӣ ва саноатии Шоҳигарии Белгия ба ҳисоб рафта, ҳамчун маркази бандарӣ дар гардиши мол дар иқтисоди ин кишвар нақши калидӣ дорад. Шаҳрҳои Антверпен, Брюге, Ган ва Остэнде ҳудудҳои минтақаи мазкурро ташкил медиҳанд.

Аҳолии ин минтақа 6,8 миллион (58 фисади аҳолии умумии подшоҳӣ)-ро ташкил медиҳад. Фландрия дар миқёси ҷаҳон соли 2024 аз нигоҳи содирот дар ҷойи 15-ум қарор дошт. Маҳсулоти кимиёвӣ, доруворӣ, нақлиёт, нассоҷӣ, минералҳо, дастгоҳу таҷҳизот, пӯлод, пластик ва сангҳои қиматнок иқтидори содиротии Фландрияро ташкил медиҳанд.

Соли 2024 содирот аз Тоҷикистон ба Фландрия 102,36 миллион евро ва содирот аз Фландрия ба давлати мо 5,73 миллион евроро ташкил дод.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Август 12, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад