Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои таҷдиди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе маблағ ҷудо менамояд
ДУШАНБЕ, 29.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои таҷдиди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе маблағ ҷудо мекунад. Дар робита ба ин дар Душанбе барои дастгирии Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе ва машваратчии лоиҳаи «Таҷдид ва навсозии инфрасохтори шаҳри Душанбе» Созишномаи грантӣ ба имзо расонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Созишномаро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел имзо намуданд. Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе 15 ноябри соли 2024 дар назди Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст, ки ҳадафаш таҷдид, ҳамоҳангсозӣ, идоракунӣ, мониторинг (назорат) ва арзёбии ҷанбаҳои беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётии шаҳри Душанбе арзёбӣ мегардад.
Ҷонибҳо ҳамзамон ҷанбаҳои асосии рушди робитаҳои нақлиётӣ байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо истифода аз долони мултимодалии нақлиётии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо»-ро баррасӣ карданд. Дар ин замина роҷеъ ба лоиҳаҳои амалишаванда оид ба рушди низоми нақлиётӣ ва инфрасохтори давлати мо, аз ҷумла навсозии роҳу нақлиёти шаҳри Душанбе, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ, бехатарӣ ва устувории экологии инфрасохтори нақлиётии пойтахт равона шудааст, табодули афкор доир шуд.
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон мебошад, ки рушди инфрасохтори нақлиётро дар мамлакат фаъолона дастгирӣ менамояд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






