Бонки миллии Тоҷикистон бо «Column Bank» ҳамкориро тақвият медиҳад

Август 18, 2025 10:28

ДУШАНБЕ, 18.08.2025 /АМИТ«Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳоло имконияти зиёди татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ вуҷуд дорад. Ин нукта дар мулоқоти маҷозии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони «Column Bank»-и Амрико баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ислоҳот дар низоми бонкии мамлакат табодули назар намуданд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон намояндагони «Column Bank»-ро даъват намуд, ки барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ бо бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ифтитоҳи ҳисобҳои мустақими муросилотӣ саҳм гузорад. Дар ин раванд дар мамлакат заминаи ҳуқуқӣ ва шароити зарурӣ пурра фароҳам оварда шуда, риояи қатъии стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) таъмин мегардад.

Дар анҷом ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки натиҷаи мулоқот ба густариши ҳамкорӣ байни низомҳои бонкии Тоҷикистону Амрико ва робитаҳои нави молиявӣ мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки «Column Bank» (Column N.A.) — бонки миллии Амрико буда, махсус барои таҳиягароне (девелоперҳое), ки маҳсулоти молиявиро ба таври барномавӣ эҷод ва идора мекунанд, таъсис дода шудааст. Он дорои платформа, низоми асосии бонкдорӣ ва пайвасти мустақим бо Бонки федералии захиравӣ мебошад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Август 18, 2025 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад