Бонки миллии Тоҷикистон: «Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ ба андозаи 9,4 фоиз устувор гардид»
ДУШАНБЕ, 01.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бемуайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» идома дод.
Тавре Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ дар нимсолаи якуми соли равон ба андозаи 9,4 фоиз устувор гардид, ҳол он дар ҳамин давраи соли 2024 устуворшавии ин нишондиҳанда 2,7 фоизро ташкил медод.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон таъкид намуд, ки бо назардошти вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ёфтанд. Аз ҷумла, қурби рубли Федератсияи Русия 22,8 фоиз, рубли Беларус 14,6 фоиз, тангаи Қазоқистон 0,6 фоиз, суми Узбекистон 2,1 фоиз, юани Чин 0,4 фоиз устувор гардида, лираи Туркия 12,6 фоиз ва соми Қирғизистон 0,5 фоиз нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфт.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС:АМИТ «Ховар»








Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд






