Буфатима Турганбоева: «Грантҳои президентӣ имкон медиҳанд, ки занони соҳибкор дар рушди саноатикунонии Тоҷикистон саҳм гузоранд»

Август 5, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- саноатикунонии босуръати мамлакат соли 2022 дар Ҷамоати деҳоти Бердибоеви ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон коргоҳи дӯзандагии «Салтанат» ба фаъолият оғоз намуд. Роҳбарии ин коргоҳро Буфатима Турганбоева ба уҳда дорад, ки соли 2024 сазовори гранти президентӣ ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ гардид.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Буфатима Турганбоева иброз дошт, дар коргоҳи онҳо 20 нафар занони хонанишин ба кор ҷалб гардида, тамоми муассисаҳои ноҳияро бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин менамоянд.

«Коргоҳи мо соли 2022 ба фаъолият оғоз намуда, дорои таҷҳизоти дӯзандагӣ мебошад. Бо вуҷуди ин бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ворид намудани таҷҳизоти муосир соли 2024 ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи грантӣ пешниҳод намудем. Боиси хурсандии мо, занони ин коргоҳ аст, ки лоиҳаи мо дастгирӣ ёфт. Бо маблағи гранти президентӣ чанд мошинаи муосири дӯзандагӣ харидем. Имрӯз бо беш аз 16 мошинаи дарздӯзӣ барои мактаббачагони ноҳия либоси ягонаи мактабӣ омода менамоем»,-изҳор дошт Буфатима Турганбоева.

Дӯзандаҳои моҳири ин коргоҳ ҳамасола барои 13 муассисаи таълимии ноҳия беш аз 1000 ҳазор адад либоси мактабӣ медӯзанд. Яъне, аъзои коргоҳ ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияро бо сару либоси ягонаи мактабӣ таъмин менамоянд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб Назокат Саидмамадова гуфт, ки «Мурғоб яке аз дурдасттарин ва сардтарин ноҳия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Коргоҳи дӯзандагии «Салтанат», ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст, барои фаъолияти занони ҳунарманду хонанишин имконияти хуб аст».

Бояд гуфт, ки занону духтарон қишри фаъоли ҷомеа мебошанд ва бе ҳузури онҳо ҷомеа пеш намеравад. Аз ин рӯ Ҳукумати ҷумҳурӣ низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои ин қишри ҷомеа шароит фароҳам оварад, то онҳо дониш, ҳунару маҳорат ва таҷрибаи худро дар амал татбиқ карда тавонанд.

Занони ҳунарманди ин коргоҳ иброз медоранд, ки ҷавобан ба дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомал Раҳмон кӯшиш менамоянд, ки дар пешрафти саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас дошта бошанд.

Ёдовар мешавем, ки 18 июли соли равон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030 ба тасвиб расид. Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030 таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд. Мақсади грантҳо фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани ҳуқуқ, имконияти иқтисодии занон, таъмини иштироки баробари онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии занон дар бозори меҳнат, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон, ташкили ҷойи нави кор ва рушди фаъолияти соҳибкории занон мебошад.

Аз соли 2025 то соли 2030 ҳамасола 200 зани ҳунарманду соҳибкор имкон доранд, ки аз 15 миллион сомонӣ гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мешавад, бархурдор гарданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 5, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бангкок тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЭСКАТО баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии Сеул оид ба корхонаҳои давлатӣ иштирок намуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲАИ АЛОҚА. Қабули ин санади стратегӣ кафолати рушди босуботи соҳа мебошад
Дар Тоҷикистон 87 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад
Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба рақамикунонии соҳаи буҷет ва молия таъсис дода мешавад
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавориро масъалаи стратегӣ ва ҳаётан муҳим номиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат ба масъулон барои коҳиши фоизи қарзҳо ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дастур доданд
Тоҷикистон ба ҷомеаи рақамии пешрафта бо иқтисоди инноватсионии рақобатпазир табдил меёбад
Дар Барселона имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ба имзо расид
Муқовимат ба коррупсия омили муҳими рушди устувори Тоҷикистон аст