«ДӮСТӢ-2025». Машқҳои зиддитеррористии Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардиданд

Август 12, 2025 09:33

ДУШАНБЕ, 12.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Машқгоҳи таълимии «Фахробод»-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, воқеъ дар гарнизони Хатлон бо иштироки қариб 100 нафар хизматчиёни ҳарбӣ машқҳои зиддитеррористии дуҷонибаи ҷузъу томи таъйиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти унвони «Дӯстӣ-2025» баргузор гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба ин машқҳо гурӯҳҳои таъйиноти махсус, ҷузъу томи ҳамлаовари десантӣ ва пиёданизом ҷалб гардида, роҳу усулҳои истифодаи силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти ҷангиро дар самти мубориза бар зидди терроризм намоиш доданд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Вазорати мудофиаи мамлакат дар Машқгоҳи таълимии «Фахробод»-и Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ҳама гуна машқҳои низомии сатҳи минтақавию байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Машқҳои муштараки «Дӯстӣ-2025» барои тавсеаи маҳорати саҳроии ҷузъу томи таъйиноти махсус ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар шароити кӯҳсор ва иншоот, такмил додани тобоварии ҷисмонӣ ва устувории руҳию ахлоқии ҳайати шахсӣ, ташкили ҳамоҳангсозӣ ва мубодилаи таҷриба байни ҷузъу томи таъйиноти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон заминаи воқеӣ фароҳам овард.

Зимни ҷамъбасти машқҳои зиддитеррористӣ иброз шуд, ки мустаҳкам гардидани робитаи дӯстӣ байни кишварҳо, муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризму экстремизм ва таъмини сулҳу субот дар ҳамаи кишварҳои олам дар сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи устувор дорад.

Дар шароити имрӯза, ки афзоиши хатарҳои терроризму экстремизми байналмилалӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар амалҳои номатлуби ҷомеа шиддат мегирад, баргузории машқҳои муштараки зиддитеррористии «Дӯстӣ-2025» байни давлатҳои ба ҳам дӯсту бародар муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гардид.

Зимни натиҷагирӣ аз даври ниҳоии машқҳои васеи низомӣ ба як зумра иштирокчиёни фаъоли тамринҳои муштарак медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои гуногуни хотиравӣ тақдим карда шуданд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 12, 2025 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд