Дар Бохтар ду майдончаи нави футбол мавриди истифода қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бохтар ду майдончаи нави футболи хурд ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Майдонча бо таҷҳизоти муосири варзишӣ муҷаҳҳаз буда, дар он барои баргузории машғулияти гуногун, аз ҷумла бозии футбол ва дигар намудҳои машқҳои ҷисмонӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Ин навгонии муҳими инфрасохторӣ боиси қаноатмандии сокинони шаҳр гардида, ҷавонписарон ва наврасон онро чун имконияти арзишманд барои рушди маҳорати варзишӣ арзёбӣ менамоянд.
Бунёди чунин майдончаҳо дар гӯшаву канори вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки шумораи ҷавонони фаъол дар чорабиниҳои варзишӣ афзоиш ёфта, сатҳи иштироки онҳо дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва минтақавӣ боло равад.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо ҷавонону наврасон таъкид намуд, ки машғул шудан бо варзиш на танҳо барои солимии ҷисмонӣ, балки барои пешгирии гаравидан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ низ муҳим мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






