Дар Файзобод бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи Шурои миллӣ барои инкишофи барвақтии кӯдакон доир шуд

Август 12, 2025 09:11

ФАЙЗОБОД, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 август  дар ноҳияи Файзобод бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи сайёри Шурои миллӣ барои инкишофи барвақтии кӯдакон баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон, ҳамзамон  раиси Шурои миллӣ барои инкишофи барвақтии кӯдакон Дилрабо Мансурӣ оид ба аҳамияти калидии инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини рушди устувори дарозмуддат сухан гуфт.

Дар ҷаласа оид ба  натиҷагирии татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» дар шашмоҳаи якуми соли 2025, зарурати бетаъхир такмил додани ҳамкории байниидоравӣ оид ба дастгирии рушди кӯдакони то шашсола, дастоварду мушкилоти амалишавии барнома ва  сари вақт бартараф намудани монеаҳои мавҷуда табодули афкор карда шуд. Ҳамзамон роҳҳои ҳалли масъала барои беҳтар кардани ҳамкорӣ байни вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи шаҳру навоҳии мамлакат пешниҳод карда шуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа барои  таҳкими ҳамкории байнисоҳавию баланд бардоштани самаранокии барномаҳои таълимии синни барвақтии кӯдакон тавсияҳои хуб манзур намуданд.

Бояд гуфт, ки дар ҷаласа бори дигар нақши муҳими рушди барвақтии кӯдакон дар пешрафти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон таъкид карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод

Август 12, 2025 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд