Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд вохӯрии роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд бо масъулин барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла гепатити навъи «А» ва бемории шадиди рӯдаю меъда баргузор шуд. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Дар мулоқот иброз гардид, ки бемории зардпарвин вобаста ба сабаб ва тарзи пайдоиш ба се навъ ҷудо мешавад. Инҳо зардпарвини ҷигар (паренхими), зардпарвин механикӣ ва зардпарвин гемолизӣ (хуноба) мебошанд. Зардпарвини ҷигар дар натиҷаи осеби ҳуҷайраҳои ҷигар ба амал омада, дар он раванди ҳосилшуда ва ба рӯда гузаштани билурубин халал меёбад.
Ба маълумоти табибон, гепатити А давраи бемории аз 15 то 30 рӯзро дар бар мегирад. Давраи то зардшавӣ асосан 5-7 рӯз давом мекунад. Ҳарорати бадан то ба 38-39 дараҷа баланд шуда, аз 1 то 3 рӯз боқӣ мемонад. Дарди сар, бемадорӣ, эҳсоси хастагӣ, табларза, хоби нороҳати шабона нишонаҳои ин беморӣ мебошанд. Ҳамчунин ҳисси талхӣ дар даҳон пайдо шуда, баъзан қайкунӣ ва ҳиссиёти вазнинӣ пайдо мешавад. Ранги пешоб пас аз 2-4 рӯз тағйир меёбад. Дар ин ҳолат ранги пешоб зардчатоби баланд шуда, наҷосат беранг мешавад. Гепатити Е ба мисли гепатити А ҷараён мегирад. Агар ба он занҳои ҳомила гирифтор шаванд, оқибати хеле вазнин дорад. Дар ин ҳолат зан бояд ҳомиладории худро ҳатман қатъ намояд, чунки ин беморӣ ба тифли батнаш низ сироят мекунад.
Зардпарвини вирусӣ беморие аст, ки тавассути об интиқол меёбад, шахс гирифтори дарунравӣ ва дигар оризаҳо мешавад. Роҳи асосии пешгирӣ кардани ин бемориҳо- риоя кардани ҳолати гигиена ва санитарӣ аст. Волидайн бояд ба кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, то тез-тез дастҳояшонро бо собун бишӯянд.
Таъкид гардид, ки барои пешгирии хурӯҷи бемориҳои рӯдаю меъда дар фасли баҳор, қабл аз ҳама, ба реҷаи хӯрокхӯрӣ риоя намуда, аз истеъмоли ғизоҳои сахт, бирён, серравған, турш, тунд, тез худдорӣ кардан зарур аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд таҳлили пурраи беморони бистаришуда гузаронида шуда, бо волидайнашон суҳбат доир гардид. Дар Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ аёдати кӯдакони то 14-сола манъ карда шудааст.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






