Дар Ҳисор мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» дар гурӯҳи «В» оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 29.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор мусобиқаи дуюми «CAFA Nations Cup» таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оғоз мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон рақобат мекунанд. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар як давр баргузор мешаванд.
Қабл аз оғози мусобиқа дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Федератсияи футболи Тоҷикистон, масъулони мусобиқа ва менеҷерони тимҳои миллии Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон ҷаласа баргузор шуд.
Маросими ифтитоҳи мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» пеш аз бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид






