Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
ДУШАНБЕ, 04.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои саратоншиносии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб низоми бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ (Picture Archiving and Communication System) муваффақона насб гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хабар доданд.
Низоми мазкур имкон медиҳад, ки аксҳои рентгении тиббӣ, аз қабили ултрасадо, томографияи компютерӣ ва дигар ташхисҳои рентгении бойгонӣ бо сифати баланд насб гардида, дастрасӣ, мубодила ва интиқоли онҳо пурра ва бо сифати баланд таъмин карда шавад. Тибқи иттилои мутахассисон, ин раванд ба ташхиси саривақтӣ ва дақиқи бемориҳои саратон мусоидат менамояд. Татбиқи ин низом ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ буда, дастрасии аҳолиро ба ташхису табобати муосир беҳтар менамояд.
Дар доираи лоиҳа як зумра мутахассисони марказҳои саратоншиносии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб барои омӯзиши касбӣ ба хориҷи мамлакат сафар карда, дар соҳаи ташхис ва табобати саратон таҷрибаи пешрафтаи байналмилалиро азхуд намуданд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур бо маблағгузории Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) татбиқ мегардад.
Татбиқи босамари лоиҳа ба беҳбуди самти пешгирӣ ва табобати бемориҳои саратон таъсири мусбат мерасонад.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикист










НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






