Дар ноҳияи Кӯшониён Маркази саломатӣ ифтитоҳ гардид

Август 16, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 16.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Кӯшониён Маркази саломатӣ ифтитоҳ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Маркази саломатӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ бунёд шудааст.

Маркази саломатӣ дар доираи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ бунёд карда шудааст.

Бо бунёди бинои нав 40 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид. Бинои Маркази саломатӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 22 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадо, тибби оилавӣ, хатна, ҳуҷраи момодоя, иммунизатсия, озмоишгоҳ, ҳуҷраи муоина ва сабти барқии дил мебошад, ки ҳамарӯза ба сокинон хизмат мерасонанд.

Табибони Маркази саломатӣ вазифадор карда шуданд, ки дар вақти ташхис ва табобати беморон масъулияти бештар дошта бошанд, дар беҳдошти солимии ҷомеа саҳми арзанда гузошта, бо мардум муомилаву муносибати хуб намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Август 16, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд