Дар ноҳияи Муъминобод 26 китобхона фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 31.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод 26 китобхона фаъолият мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии ноҳияи Муъминобод хабар доданд.
Дар китобхонаҳои ноҳия 96 ҳазору 477 нусха китоб мавҷуд аст, ки бештари онҳоро китобҳои бадеӣ ташкил медиҳанд.
Тавре директори китобхонаи марказии ноҳия Гулбаҳор Холова иброз дошт, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Файзободи ноҳия китобхонаи наву замонавӣ ба истифода дода шуд.
Изҳор гардид, ки китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Кормандони китобхонаҳо барои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ пайваста ҳамоишҳо доир менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






