Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд

Август 26, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии аъзои Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Чин, Котиби Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Чин дар вилояти Синхай У Сяотсзюн мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин шарикони  стратегӣ  буда,  дар  тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ин давлатҳо нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин хеле назарас аст.

Муносибатҳои байнипарлумонии давлатҳо, ки  пайваста рушду густариш меёбанд, ба  таҳкими равобит дар дигар самтҳо, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва роҳу нақлиёт  мусоидат менамоянд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 26, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад