Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд

Август 19, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 19.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

Дар машварат масъалаи раванди иҷрои қарори раиси шаҳр «Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъват ва омода намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2025» баррасӣ карда шуд.

Инчунин оид ба омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва вазъи омодагии тодаъватии онҳо, тарғибу ташвиқи хизмат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми он, эҳсоси меҳандӯстӣ дар ниҳоди ҷавонон, мусоидат ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ ва ғайра дар назди масъулин вазифаҳо гузошта шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Август 19, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад