Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Душанбе озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» гузаронида шуданд

Август 2, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 02.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» дар Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд-боғи падару модар» баргузор мегарданд.

Тавре аз раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» байни оилаҳои намунавии шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт баргузор гардид.

Озмунҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамсар, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, зебоипарастӣ, меҳнатдӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим гузаронида мешаванд.

Бояд гуфт, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ тадбири муҳим буда, аҳли ҷомеаро бори дигар ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббати самимӣ байни ҳамсарон ва тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят менамояд.

Тибқи талаботи озмун, дар он ҳамсарон ва фарзандони беҳтарин аз оилаҳои намунавӣ иштирок карда метавонанд.

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе

Август 2, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд