Дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҳамоиши идона доир гардид

Август 9, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 09.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи варзишгарон (10 август) ҳамоиши бошукуҳи идона доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Меҳмонон дастовардҳои варзишии вилоятро тамошо намуда,  натиҷаҳои ноилгардидаи варзишгаронро шоистаи таҳсину офарин хонданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон изҳор дошт, ки  варзишгарони  вилоят дар  Бозиҳои Осиёӣ,  чемпионатҳои  ҷаҳон  ва мусобиқаҳои  байналмилалӣ  бо ифтихор  Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлолро  парафшон  намуда, номи давлатро ба ҷаҳониён муаррифӣ  менамоянд. Имрӯз Мавзуна  Чориева,  Набимуҳаммад  Хоркашиён,  Эмомалии Нуралӣ,  Абубакр  Шеров,  Ёсин Бобокалонов,  Ҷаҳонгир  Маҷидов, Мақсуди  Аҳмадзод,  Фирдавс  Насимов,  Муслимбек  Каримов, Шарифҷон  Назриев,  Сорбон Латипов,  Мадина  Қурбонзода, Шамшер  Саидов,  Алишерихудо Саидов,  Шоҳида  Қаландарова, Чаросхон  Нормуродова,  Беназир Ҷумахонзода ва чанде дигарон ифтихори вилоят ва Тоҷикистон мебошанд.

Дар вилояти Хатлон бо мақсади фаро гирифтани аҳолӣ ба варзиш ва  тарбияи  ҷисмонӣ  дар айни  замон 4181  иншооти  гуногуни  варзишӣ, аз  ҷумла  40  мактаби  варзишӣ, 40  варзишгоҳ,  3226  майдончаи варзишӣ,  583  толори  варзишӣ, 40  ҳавзи  шиноварӣ,  11 маҷмааи варзишӣ ва 241 иншооти махсуси варзишӣ фаъолият доранд.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли  давлатӣ  дар  ҳудуди вилоят навсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 260 иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин муддат 111 адади он ба истифода дода  шуда,  дар  дигар  иншоот корҳои  таъмиру  навсозӣ  ҷараён дошта, марҳила ба  марҳила  ба  истифодаи  омма супорида мешаванд.

Маҳз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ва тадбирҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мебошанд, ки имрӯз варзишгарон дар шароити созгор машқу тамрин намуда, натиҷаҳои назаррас нишон медиҳанд. Варзишгарони вилоят дар 6  моҳи  аввали  соли  2025  ба дастовардҳои  назаррас  ноил  гардиданд.  Онҳо  дар  79  мусобиқа, чемпионатҳои  ҷумҳуриявӣ  ва байналмилалӣ  иштирок  карда, соҳиби 424  медали  тилло, 456  медали  нуқра,  556  медали биринҷӣ, ҳамагӣ 1436 медал ноил гардиданд. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи  соли 2024   118  медал зиёд мебошад.

Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон мусобиқаи варзишии Ҷоми Раиси вилояти Хатлон доир гардид. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Август 9, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад
Алифбек Беромов барномаи байналмилалии ФИФА-ро дар Ҷакарта муваффақона хатм кард
Иштирокчиёни Ҷоми Осиё-2026 оид ба футбол байни дастаҳои то 17-сола дар Арабистони Саудӣ маълум шуданд
Дастаи «Рахш»-и Восеъ ғолиби қисми ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши арзишҳои олимпӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Дубай иштирок мекунад
Дар «Tokyo Grand Slam 2025» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок менамояд
Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam» сазовори ду медал гардиданд
Дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид
Сармураббиёни дастаҳои миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мураббиёни ФФТ ҳисобот доданд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 958 медал ба даст оварданд