Доир ба муқовимат ба коррупсия чун кафили рушди соҳаи маориф конференсия баргузор гардид

Август 1, 2025 09:46

ДУШАНБЕ, 01.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе дар мавзуи «Муқовимат ба коррупсия-кафили рушди соҳаи маориф» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Иброз гардид, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ва зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ буда, муқовимат бар зидди он рисолати ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ дониста мешавад.

«Пораву тамаъҷӯӣ ё коррупсия чун вабои тамоми давру замон аз амалҳое ба ҳисоб меравад, ки нисбат ба терроризму экстремизм зишттару хатарноктар аст. Чунин нафароне, ки ба давлати худ бо чашми бад менигаранду пешравии онро дидан намехоҳанд, мавқеъ ва ҷазояшон муайян аст ва онҳо дар ҷомеа мақом ва арзише надоранд», -иброз доштанд иштирокчиёни ҳамоиш.

Бо мақсади таъмини самараноки механизми зиддикоррупсионӣ барои расидан ба натиҷаҳои назаррас тадбирҳои алоҳида таҳия гардидаанд. Аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (SMART CITY) ҳамкории судманд вусъат бахшида шуда, барои пардохти тамоми маблағҳо 99 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе ба платформаи «Пардохти ҳушманд» (Smart pay) пайваст гардидааст. Ҳамзамон  ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ барои қабули маблағҳо ба таври нақдӣ бо Pos-терминалҳо таъмин гардида, даромад тавассути он қабул карда шуда, расид пешниҳод мегардад. Ин ҳолат доду гирифти нақдиро дар муассисаҳои таълимӣ аз байн бурдааст.

Ба платфорами «Пардохти ҳушманд» (Smart pay) ҳамёнҳои электронии бонкҳои гуногуни ватанӣ, QR-рамзи пардохтии махсус пайваст буда, барои гирифтани пардохтҳои ғайринақдӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин шаффофиятро дар амалӣ намудани муросилоти молиявӣ таъмин намудааст.

Амалӣ гардидани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, тақвияти равобити муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа, баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф тавассути “Барномаи электронии «eDonish» низ барои роҳ надодан ба баъзе омилҳои мусоидаткунандаи амалҳои коррупсионӣ замина мегузоранд.

Қабули кӯдакон ба синфи якум тавассути «Барномаи электронии «eDonish» низ яке аз омилҳои аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ва таъмини шаффофият дар қабули кӯдакон ба синфи якум мебошад.

Платформаи рақамии Kudak.tj, ки дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ амалӣ карда мешавад, бо мақсади таъмини шаффофият ба қабул ва нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва танзими кори муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мусоидат намуда, барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар ин самт заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Август 1, 2025 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад