Доир ба муқовимат ба коррупсия чун кафили рушди соҳаи маориф конференсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе дар мавзуи «Муқовимат ба коррупсия-кафили рушди соҳаи маориф» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Иброз гардид, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ва зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ буда, муқовимат бар зидди он рисолати ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ дониста мешавад.
«Пораву тамаъҷӯӣ ё коррупсия чун вабои тамоми давру замон аз амалҳое ба ҳисоб меравад, ки нисбат ба терроризму экстремизм зишттару хатарноктар аст. Чунин нафароне, ки ба давлати худ бо чашми бад менигаранду пешравии онро дидан намехоҳанд, мавқеъ ва ҷазояшон муайян аст ва онҳо дар ҷомеа мақом ва арзише надоранд», -иброз доштанд иштирокчиёни ҳамоиш.
Бо мақсади таъмини самараноки механизми зиддикоррупсионӣ барои расидан ба натиҷаҳои назаррас тадбирҳои алоҳида таҳия гардидаанд. Аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (SMART CITY) ҳамкории судманд вусъат бахшида шуда, барои пардохти тамоми маблағҳо 99 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе ба платформаи «Пардохти ҳушманд» (Smart pay) пайваст гардидааст. Ҳамзамон ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ барои қабули маблағҳо ба таври нақдӣ бо Pos-терминалҳо таъмин гардида, даромад тавассути он қабул карда шуда, расид пешниҳод мегардад. Ин ҳолат доду гирифти нақдиро дар муассисаҳои таълимӣ аз байн бурдааст.
Ба платфорами «Пардохти ҳушманд» (Smart pay) ҳамёнҳои электронии бонкҳои гуногуни ватанӣ, QR-рамзи пардохтии махсус пайваст буда, барои гирифтани пардохтҳои ғайринақдӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин шаффофиятро дар амалӣ намудани муросилоти молиявӣ таъмин намудааст.
Амалӣ гардидани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, тақвияти равобити муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа, баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф тавассути “Барномаи электронии «eDonish» низ барои роҳ надодан ба баъзе омилҳои мусоидаткунандаи амалҳои коррупсионӣ замина мегузоранд.
Қабули кӯдакон ба синфи якум тавассути «Барномаи электронии «eDonish» низ яке аз омилҳои аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ва таъмини шаффофият дар қабули кӯдакон ба синфи якум мебошад.
Платформаи рақамии Kudak.tj, ки дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ амалӣ карда мешавад, бо мақсади таъмини шаффофият ба қабул ва нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва танзими кори муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мусоидат намуда, барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар ин самт заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид






