Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 17.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорати ҳаво рӯзона ба 38 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19+21 дараҷа ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Бӯстон бо ҷавонони фаъол оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон вохӯрӣ доир шуд
Деҳқонони шаҳри Ҳисор нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро намуданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Сокини деҳаи Деваштичи шаҳри Панҷакент бо истифода аз панелҳои офтобӣ чорворо бо хӯроки сабз таъмин менамояд
НАМУНАИ ИБРАТ. Дар биноҳои баландошёнаи навбунёди шаҳри Хуҷанд панелҳои офтобӣ насб мегарданд
5 декабр дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо сатҳи омодагии вилояти Суғд ба фасли зимистон баррасӣ гардид
Дар роҳи Душанбе-Чанок 690 километр хатҳои уфуқӣ кашида шуданд
Ба одамон наздиктар. Ифтитоҳи марказҳои нави хизматрасонии МегаФон Тоҷикистон
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Доир ба вазифаҳои илми муосири иқтисодӣ конференсия баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Сарфаҷӯии неруи барқ яке аз омилҳои таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад»






