Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 10.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат рӯзона ба 40 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 21+23 дараҷа гарм ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.








Бо ибтикори Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Норак ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзои Бюрои сиёсии ҳизби «Единая Русия» мулоқот намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Ҷашне, ки ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои беназири Президенти Тоҷикистон бахшида шудааст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво рӯзона то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Тарофаҳои нав барои Суғд: интернети бештар бо нархи дастрас!
Дар шаҳри Норак Фестивали «Анор» доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Маркази омӯзишии «Русия бо Шумо» ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад






