Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст

Август 17, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 17.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарият ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил аз он ва захираи кофии маводи ғизоӣ барои фасли зимистон бо усули «Хона ба хона» бо манзилҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллаҳои шаҳри Бохтар шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Зимни мулоқот бо сокинон, аз ҷумла сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар Фурқат Қосимов иброз гардид, ки истифодаи самараноки замин ва захираи дурусти маводи ғизоӣ ба манфиати мардум мебошад. Ин иқдом на танҳо буҷаи оилавиро ғанӣ мегардонад, балки аҳли ҷомеаро аз таъсири омилҳои манфии берунӣ ҳифз мекунад. Меҳмонон шоҳиди он гардиданд, ки бисёре аз сокинон аллакай таҷрибаи парвариши ду-се ҳосил дар як солро ба роҳ мондаанд. Ҳамзамон истифодаи технологияҳои содаи обёрӣ ва кишти маҳсулоти серҳосил мавқеи хоҷагиҳои наздиҳавлигиро боз ҳам қавитар кардааст.

Бояд гуфт, ки аҳли оилаи Фурқат Қосимов супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро пурра амалӣ намуда, заминҳои худро босамар истифода мебаранд. Онҳо барои фасли сармо маводи кофии ғизоӣ захира намуда, на танҳо оилаи худ, балки бозорҳои дохилиро низ бо маҳсулоти тару тоза ва хушсифат таъмин менамоянд. Ин гуна таҷриба метавонад барои дигар хонаводаҳо намунаи ибрат гардад ва сатҳи таъмини озуқаворӣ дар ҷомеаро боз ҳам баланд бардорад.

Меҳмонон ҳамчунин бо замини наздиҳавлигии сокини дигари маҳаллаи Ғайрат Баҳриддин Маҳмадраҳимов шинос шуданд.

Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорӣ маълум гардид, ки замини наздиҳавлигӣ бо истифодаи самаранок ва тарзи дурусти кишт пурра ба манфиати оила истифода бурда мешавад. Дар он намудҳои гуногуни сабзавоту полезӣ, инчунин дарахтони мевадиҳанда парвариш ёфта, ба таъмини ғизои солими оила ва фурӯш дар бозори маҳаллӣ мусоидат мекунанд.

Зимни суҳбат бо аҳли ин оилаи меҳантдӯст меҳмонон таъкид намуданд, ки истифодаи ҳар қитъа замин яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳизб ва Ҳукумати мамлакат буда, ҳар шаҳрванд бояд дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузорад. Ҳамчунин бо сокинон дар бораи масъалаҳои рушди инфрасохтор, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва васеъ намудани имконияти худтаъминкунӣ суҳбати озоду самимӣ доир шуд.

Дар идома меҳмонон ба замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи Навобод Абдувалӣ Ҳамзаев рафта, бо тарзи истифодаи дурусти замин, кишти маҳсулоти гуногуни хоҷагӣ ва татбиқи усулҳои обёрии сарфакорона шинос шуданд. Абдувалӣ Ҳамзаев бо истифодаи босамар аз ҳар қитъа замин зироати полезӣ, сабзавот ва дарахтони мевадиҳанда парвариш намуда, барои таъмини оила ва баровардани маҳсулоти тару тоза ба бозори маҳаллӣ саҳми арзанда мегузорад.

Ҳангоми суҳбат бо ин марди меҳнатдӯст меҳмонон аҳамияти истифодаи оқилонаи ҳар қитъа замин, хусусан заминҳои наздиҳавлигиро таъкид карданд. Изҳор гардид, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бояд роҳнамои асосии фаъолияти ҳар шаҳрванд бошад.

Таҷрибаи Абдувалӣ Ҳамзаев барои дигар сокинон намунаи ибрат буда, истифодаи оқилонаи замин метавонад на танҳо оила, балки иқтисодиёти маҳалро низ рушд диҳад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Август 17, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба кӯдакони Муассисаи томактабии хусусии «Оиша»-и ноҳияи Восеъ бо се забон таълим дода мешавад
Дар доираи татбиқи лоиҳаи «БРАМОМ-4» дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо панҷараҳои муҳофизатӣ сохта мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар 43 сардхонаи шаҳри Ҳисор беш аз 10 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда мешавад
Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд ба фасли зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои ИДМ оғоз гардид
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР. Тавассути омори расмӣ равандҳои муҳими иҷтимоӣ таҳлилу баррасӣ карда мешаванд
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо дар 83- солагӣ аз дунё даргузашт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дмитрий Семёнов: «Синамоҷашнвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон» фазои ҳамкории байналмилалӣ фароҳам овард»