Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон менамояд

Август 3, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 03.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (27 сентябр) дар номинатсияҳои «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ», «Беҳтарин меҳмонхона», «Беҳтарин тарабхона», «Беҳтарин роҳбалад» ва «Беҳтарин блогер ва тарғибгари тавассути сомонаҳо дар дохил ва хориҷи кишвар» озмун эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмун бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, рӯзноманигорон ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма, блогерон, ҷалб намудани коршиносони мустақил ба тарғибу ташвиқи васеи имконияти сайёҳӣ дар сомонаҳои мустақил, густариш бахшидани хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила ҷалби сайёҳони хориҷӣ доир мешавад.

Дар озмун ширкатҳои сайёҳӣ, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо, роҳбаладон, рӯзноманигорон, коршиносон, инчунин нафароне, ки ба талаботи низомномаи озмун ҷавобгӯ мебошанд, иштирок карда метавонанд.

Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳоро то 10 сентябр ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд.

Дар озмун дар ҳар номинатсия 3 ҷой муайян карда шуда, ғолибон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Диплом ва маблағи пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Инчунин нафароне, ки дар озмун фаъолона иштирок намуда, дар ташкили он саҳм мегузоранд, бо Сипоснома қадрдонӣ мегарданд.

АКС: Dushanbe-travel

Август 3, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид