Масоили марбут ба ташаккули омори соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баррасӣ гардид

Август 24, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 24.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Воридоту содироти маҳсулоти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва такмили реестрҳои оморӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар  ҷаласаи чоруми гурӯҳи корӣ вобаста ба масъалаҳои марбут ба ташаккули омори соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рушди содироти маҳсулоти рақамӣ дар Душанбе баррасӣ карда шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  иштирокдорони ҷаласа ҳамзамон бозбинӣ намудани рамзҳои омории соҳа, муайян намудани муҳлати ҷамъоварии ҳисобот ва пешгирии ҷиноятҳои эҳтимолӣ дар бахши технологияҳои иттилоотиро муҳокима намуданд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода изҳор дошт, ки «масъалаи рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рушди содироти маҳсулоти рақамӣ барои иқтисодиёти мамлакат ва низоми молиявӣ аҳаммияти бузург дорад. Рушди иқтисоди рақамӣ метавонад имконияти навро барои таҳкими бахшҳои молиявӣ, содироти маҳсулоти рақамӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ фароҳам оварад. Бонки миллии Тоҷикистон ташаббусҳои мазкурро дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва содироти маҳсулоти рақамӣ пурра дастгирӣ намуда, омода аст бо ҳамаи сохторҳои давлатӣ дар ҳамоҳангсозии низоми иттилоотӣ, такмили баҳисобгирии оморӣ ва таҳияи стандартҳои ягонаи ҳисоботдиҳӣ ҳамкорӣ намояд. Фарогирии пурраи ҳамаи ширкатҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба низоми расмии бақайдгирӣ имкон медиҳад, ки барои қабули қарорҳои дуруст маълумоти боэътимод ва шаффоф дастрас бошад»

Дар ҷаласа роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои анҷомдода дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ сухан гуфтанд. Гуфта шуд, ки идомаи кори муштараки гурӯҳи корӣ бо иштироки сохторҳои давлатӣ имкон медиҳад механизми боэътимоди баҳисобгирии омори соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ташаккул ёбад. Ин ба қабули қарорҳои дуруст, нақшабандии рушди минбаъда ва таҳкими иқтисодиёти рақамии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Натиҷаҳои кори муштарак барои рушди устувори иқтисоди миллӣ ва ворид шудани Тоҷикистон ба зинаҳои нави рақамикунонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо мақсади иҷрои супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) ва ташаккул додани омори соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин баланд бардоштани шаффофият, таҳлили вазъи воқеии бозори рақамӣ, рушди содироти маҳсулоти рақамӣ, таҳкими асосҳои таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ташкил гардидааст. Гурӯҳ то имрӯз доир ба масъалаҳои такмили тартиби бақайдгирии субъектҳои соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тибқи принсипи «Равзанаи ягона», пешниҳоди рӯйхати корхонаҳои фаъоли соҳа ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ, муаррифии шакли нави ҳисоботи оморӣ ва барномаи автоматикунонидаи пешбурди он, зарурати татбиқи пилотии ҳисобот дар низоми онлайн бо ворид намудани санҷишҳои мантиқӣ ва арифметикӣ, инчунин омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, аз ҷумла таҷрибаи Қазоқистон ва Белорус барои ҳисоботи оморӣ се ҷаласа гузаронидааст.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Август 24, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд