МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд

Август 27, 2025 10:22

ДУШАНБЕ, 27.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Смартфонҳо, ноутбукҳо, телевизор, соатҳои доно ва гаҷетҳои дигари арзишманд, инчунин туҳфаи асосӣ – 1 000 000 сомонӣ иштирокчиёни бозии бурднокро, ки ширкати «МегаФон Тоҷикистон» чанде пеш эълон намуд, интизоранд. Имкони ба даст овардани яке аз туҳфаҳоро бо дастраскунии ID-коди махсус бо арзиши 3 сомонӣ пайдо метавон намуд. Дар баробари ин, соҳиби ҳар ID-код аз оператор 100 Мб трафики интернет туҳфа мегирад. Ҳеҷ як нафар бе фоида намемонад!

Имконияти иштирокчии бозии бурдноки «МегаМиллион» шудан ба ҳамаи муштариёни ширкат, ки синнашон ба 18 расида, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, дастрас мебошад. Хоҳишмандон метавонанд пайваста ID-кодҳоро ба даст оваранд – иштирокчиёнро танҳо ҳамин амал зарур меояд. Сипас танҳо зарур аст, ки натиҷаҳоро интизор шуда, ба муваффақияти хеш боварӣ ҳосил намоянд!

Дастраскунии ID-код бо яке аз воситаҳои зерин имконпазир аст:

  • Бо анҷоми занг ба рақами кӯтоҳи «650»
  • Бо рақамчинии USSD-дархости *650#

22 сентябр бурди туҳфаҳои марҳилавӣ баргузор мешавад. Дар он ҳамаи муштариёне, ки ID-рамзҳоро дастрас карда буданд, иштирок менамоянд. Зимни пахши онлайн ба тариқи аккаунтҳои расмии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шабакаҳои иҷтимоӣ соҳибони телевизори Samsung, смартфони Xiaomi Redmi Note ва инчунин гӯшмонакҳои бесим, соатҳои доно ва аккумуляторҳои берунӣ муайян карда мешаванд.

Бурди туҳфаи асосӣ – 1 000 000 сомонӣ, смартфони iPhone 16 Pro, ноутбуки Apple MacBook ва дастгоҳи бозикунӣ 22 октябр дар пахши мустақими яке аз шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон доир карда мешавад.

Ҳар маротиба дар интихоби туҳфаҳои арзишманд лототрон кумак менамояд: аз рақамҳои тасодуфӣ ID-кодҳои ғолибони бозии бурднок тартиб дода мешавад.

Барои зиёдкунии имконияти худ барои пирӯзӣ иштирокчиён маротибаҳои бемаҳдуд ID-кодҳоро ба даст оварда метавонанд. Барои харидани бастаи пурра тахфифҳои махсус амал мекунанд. Ҳамин тавр, 10 ID-кодро бо нархи 10 фоиз арзонтар, яъне бо арзиши 27 сомонӣ, 50 ID-кодро бо нархи 127 сомонӣ, яъне бо тахфифи 15 фоиз дастрас метавон кард. Нархи 100 ID-код ба 240 сомонӣ баробар аст, ин нарх дар муқоиса ба пардохт дар алоҳидагӣ 20 фоиз муфидтар аст.

Имконияти ба даст овардани туҳфа дар шакли трафики интернет барои ID-рамзҳо ҳангоми «хариди яклухт» низ нигоҳ дошта мешавад. Барои 10 ID-код ба таври автоматӣ бастаи бонусии иборат аз 5 000 Мб, барои 50 ID-код – 10 000 Мб пайваст карда мешавад. Барои харидани 100 ID-код туҳфа дар шакли 20 000 Мб интернет пешниҳод мегардад.

Шартҳои пурраи бозии бурднок ва маълумоти муфассал оид ба воситаҳои дастраскунии ID-кодҳо бо миқдорҳои зиёд ё донабайъ – дар сомонаи оператор.

Бозии бурдноки «МегаМиллион» — имконияти нодири Шумо барои амалисозии орзуи худ бо ёрии ширкати «МегаФон Тоҷикистон»! Ба мубориза барои миллион ҳамроҳ шавед!

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистн

Август 27, 2025 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад