Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо кишти такрорӣ ва нашъунамои пахта шинос шуд
ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо кишти такрорӣ ва нашъунамои пахта дар ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, гурӯҳи корӣ нахуст бо заминҳои кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонии «Бешариқ» ва «Сангин Қуддус» дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстон шинос шуд. Зимни шиносоӣ ба вазъи истифодаи замин, парвариши зироати кишоварзӣ, риояи талаботи агротехникӣ ва имконияти афзоиши ҳаҷми истеҳсоли пахта таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Сулаймон Зиёзода зимни суҳбат бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба масъалаи истифодаи мақсаднок ва самараноки замини корам, вусъат бахшидани кишти такрорӣ, махсусан дар заминҳои озодшуда пас аз ҷамъоварии ҳосили асосӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд. Ҳамзамон барои таъмини ҳосили баланди пахта ва дигар зироати кишоварзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии соҳа ва таҳкими амнияти озуқавории мамлакат дастуру тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардид.
Таъкид гардид, ки истифодаи дурусти захираҳои мавҷуда, риояи агротехника, таъминот бо оби полезӣ ва ҷалби мутахассисони соҳавӣ бояд дар меҳвари фаъолияти ҳар хоҷагии деҳқонӣ қарор дошта бошад.
Гурӯҳи корӣ дар хоҷагиҳои тухмипарвари Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ, хоҷагиҳои деҳқонии «Устоён» ва «Лангар» бо раванди кишти навъҳои пахтаи серҳосил ва татбиқи усулҳои пешрафтаи агротехникӣ дар соҳаи тухмипарварӣ аз наздик шинос шуд.
Роҳбарони сохторҳои дахлдор ва масъулини соҳаи кишоварзӣ барои тақвият бахшидани чорабиниҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии пахта, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва татбиқи ҳамаҷонибаи барномаҳои соҳавии давлатӣ вазифадор гардиданд.
Таъкид шуд, ки бо мақсади таъмини дурнамои рушди устувори соҳаи пахтакорӣ зарур аст таваҷҷуҳи махсус ба вусъат бахшидани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ, таъмини деҳқонон бо тухмиҳои хушсифати навъҳои серҳосил, таъмин бо техника ва таҷҳизоти муосири кишоварзӣ, инчунин истифодаи самараноки захираҳои оби полезӣ равона карда шавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






