Нақши занон дар мақомоти олии қонунгузории Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ назаррас аст

Август 21, 2025 08:49

ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масири соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо қабули Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 оғоз ёфт. Ин санад асоси ҳуқуқӣ ва пояҳои устувори ташкили давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёрро дар доираи Иттиҳоди Шуравӣ мустаҳкам намуда, ҳуқуқи ҷумҳуриро барои ҳал намудани масоили дохилӣ ва имкони баромадан аз ҳайати ин иттиҳод дар оянда таъмин намуд.

Бахусус бо қарори Шурои Олии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 қабул гардидани қарор «Дар бораи давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадами  муҳим ва устуворро ба сӯи ҳокимияти комил ва узвият дар ҷомеаи байналмилалӣ гузошт. Ин санад на танҳо ба расмият даровардани соҳибистиқлолӣ буд, балки таҳкими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ барои ташаккули институти давлатӣ ва таъсиси низоми қонунгузории миллиро таъмин намуд. Қабули Эъломия натиҷаи равандҳои мураккаби дохилӣ ва таъсири берунӣ маҳсуб мешавад, ки дар он тақвияти ҳаракатҳои миллатгаро ва фаъолияти созмонҳои сиёсӣ нақши муҳим бозид.

Ин ҳуҷҷат мавқеи ҷумҳуриро ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ муайян намуда, эълом дошт, ки Тоҷикистон давлати мустақил, демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад.

Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санади калидиест, ки ҳокимияти комил, ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва мавқеи байналмилалии ҷумҳуриро ба расмият даровард. Таҳлили ҳуқуқӣ–сиёсӣ нишон медиҳад, ки ин санад барои ташаккули давлатдории миллӣ ва рушди институтҳои демократӣ заминаи устувор фароҳам овардааст ва нақши ҳалкунандаи он дар таърих ва сиёсати муосири Тоҷикистон, бешубҳа, боқӣ мемонад.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати миллии соҳибихтиёр, дорои нишонаҳо ва рамзҳои ҳуқуқӣ-конститутсионӣ буда, дар муносибатҳои байналмилалӣ аз номи худ баромад мекунад. Соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар самти дохилӣ ва ҳам хориҷӣ расмӣ гардонида шудааст. Дар самти дохилӣ ҳокимияти ягонаи давлатии ташкилёфта амал мекунад ва мақоми олии қонунгузории мамлакат аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул менамояд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ иҷрои талаботи онҳо барои ҳамаи субъектони ҳуқуқии дахлдор хусусияти ҳатмӣ дорад. Ин меъёр дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам ёфтааст.

Мавриди таъкид аст, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутобиқат ба  сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ дар таҳрири нав таҳия, қабул, мураттабсозӣ ва ҳамоҳангсозӣ гардидани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меъёрҳои конститутсионӣ заминаи устувор гузошт.

Устувории пояҳои ҳокимияти конститутсионӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун муқаддасоти давлатӣ имрӯз танзимкунандаи тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ аст, таъмин гардида, мақоми олии қонунгузории мамлакат ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро барои қабули қонунҳои муҳим ва рӯзмарраи танзимкунанадаи муносибатҳои мухталифи ҷамъиятӣ ба роҳ мондааст.

Дар фаъолияти Парлумони касбии ҷумҳурӣ татбиқи самараноки сиёсати ҳуқуқӣ самти афзалиятнок маҳсуб мешавад. Сиёсати ҳуқуқӣ шакли махсуси ифодаи сиёсати давлатӣ, воситаи барасмиятдарории ҳуқуқӣ, таҳким ва татбиқи роҳи сиёсии мамлакат буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он дар иртибот бо самтҳои асосии сиёсати давлат амалӣ гардида, заминаи ҳуқуқии сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигари сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат бе таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст, зеро рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии таъмини сиёсати ҳуқуқии ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад.

Дар таҷрибаи фаъолияти Парлумони касбӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ барои танзими фаъолияти соҳаҳои ҳаёти давлатӣ дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, вобаста ба тақозои замон бо таҳрири нав ва тағйиру иловаҳои муҳиму калидӣ амалӣ карда мешаванд.

Инчунин Тоҷикистон дар таҳия ва қабули қонунҳои бесобиқаи рӯзмарраи танзимкунандаи муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ пешгом буда, аз таҷрибаи қонунэҷодкунӣ ва татбиқи амалии ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ давлатҳои дигар таҷриба меомӯзанд. Имрӯз Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ буда, ҳамроҳ бо дигар давлатҳо дар ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ, сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини тулуи хуршеди сулҳу субот ва ваҳдати саросарӣ баробари дигар қишрҳои ҷомеа ба занону духтарон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, барои баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои зиёде амалӣ карда шуданд.

Демократию ҳуқуқбунёд, дунявию соҳибихтиёр будани давлат, устувории пояҳои ҳокимияти конститутсионӣ ва меъёри ҳуқуқии муайяннамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии мардон ва занонро дар ҷомеа кафолат додааст. Имрӯз занон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мансабҳои ҳокимияти давлатӣ, хизмати давлатӣ, илму маориф, кишоварзӣ ва саноат, инчунин дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ низ софдилонаву содиқона хизмат мекунанд.

Дар робита ба дигар соҳаҳо бо назардошти муайян гардидани сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занон ва оила ва дар меҳвари иҷтимоии фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифтани он санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар даврони соҳибистиқлолӣ қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтанд.

Қабули фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» нақши муҳим дошта, тибқи он стандартҳои ақалли иштироки занон дар идоракунии давлатӣ муқаррар гардида, барои таҳкими сиёсати гендерӣ дар ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда заминаи устувор гузошт.

Нақши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини воқеии баробарҳуқуқии занон дар ҷомеа, ҳалли масъалаҳои гендерӣ ва баланд бардоштани мақоми занон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бениҳоят бузург аст.

Бо мақсади ноил  шудан  ба  баробарҳуқуқии  воқеии мардон ва занон ва бартараф намудани бархе монеаҳои иқтисодӣ,  иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва афкори умум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва  имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005 қабул гардид. Он масъалаҳои таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарии ҳуқуқу имконияти мардону занонро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигар ба танзим дароварда, табъизро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» санади муҳими стратегӣ вобаста ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва баробарии гендерӣ дар ҷомеа маҳсуб шуда, дар давраи амали хеш барои озодона инкишоф додани қобилияти тавоноӣ, маҳорат ва малакаи занон барои иштирок дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имконият додааст.

Ин қонун принсипҳои асосии таъмини кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо, вазифаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар таъмини имконияти баробари мардону занон (баробарии гендерӣ), иштироки баробари мардону занон дар идоракунии давлатӣ, кафолатҳои давлатии таъмини имконияти баробари мардону занон дар соҳаи маориф ва илм, баҳисобгирии вазъияти оилавии мардону занон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва меҳнатӣ, таъмини имконияти баробари иштироки мардону занон дар интихобот, ҳангоми ташкили комиссияҳои интихоботӣ, ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ ва адои хизмат, зимни иштирок дар озмунҳо барои ишғоли вазифаҳо дар хизмати давлатӣ, вазифаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ оид ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ – иқтисодӣ, мусоидат ба баробарии гендерӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо, салоҳияти мақоми ваколатдори давлатии таъмини тараққиёти гендерӣ ва иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳоро пурра танзим намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон ба ҳайси Сарвари давлат ба занон ҳамчун ба қишри асосии ҷомеа такя намуда, барои тақвияти саҳми онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ тавассути тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби занони лаёқатманд ва фаъолу ташаббускор ва ҷалби онҳо барои фаъолият дар ташкилот ва мақомоти давлатӣ, аз ҷумла таъйин ба мансабҳои роҳбарикунанда мунтазам таъкид намуда, ин масъаларо дар меҳвари сиёсати худ қарор додаанд.

Дар партави ин сиёсати созанда бо мақсади тақвият бахшидани иштироки занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ силсилатадбирҳои муассир амалӣ гардиданд.

Дар баробари амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон  ва  имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» инчунин як зумра қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  баланд бардоштани мақом ва нақши зан», «Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд», «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои давраҳои миёнамуҳлат ба тасвиб расиданд, ки татбиқ ва амалигардонии ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии зериқонунӣ барои иштироки бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд.

Баробарии ҳуқуқи занону мардон дар фаъолияти сиёсӣ яке аз принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ низ ба шумор меравад, ки меъёрҳои ҳуқуқии мустаҳкамкунандаи ин мавқеъ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон соли 1948, Конвенсия дар бораи баробарарзишии меҳнат нисбати мардон ва занон соли 1953, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии зан соли 1995, Декларатсияи Пекин соли 1995, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ соли 1966, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон соли 1993, Пакти байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ «Баробарии мардон ва занон дар истифодаи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» соли 2005, Декларатсияи шурои занон соли 2006, Декларатсияи сиёсӣ «Занон дар соли 2000: барбарии мардон ва занон, рушд ва сулҳ дар асри 21», Тавсияҳои давлатҳои аъзои шурои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба расмиёти шарҳи универсалии даврӣ дарҷ ёфта, давлатҳоро муваззаф месозад, ки барои иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва қонунгузорӣ шароити мусоид фароҳам оваранд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самари Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон нахустин парламенти касбии тоҷик ва мактаби навини намояндагӣ ва қонунгузорӣ зуҳур намуда, барои ҳарчи бештар таҳким бахшидан ба  пояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушду нумуи тамоми бахшҳои ҷомеаи Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.

Иштироки занон дар низоми қонунгузории Тоҷикистон яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди демократӣ ва таҳкими институтҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули истиқлолият ва таҳкими институтҳои давлатдорӣ занон ба фаъолияти қонунгузорӣ ҷалб гардида, тавонистанд дар таҳияи қонунҳо ва сиёсати давлатӣ саҳми назаррас гузоранд. Иштирок ва саҳми занон дар мақомоти қонунгузорӣ нишонаи рушди гендерӣ ва эътирофи ҳуқуқи баробар мебошад. Бинобар ин Тоҷикистон роҳи ташаккули низоми қонунгузорӣ ва парлумонии худро пайгирӣ намуда, аҳамияти иштироки занонро дар раванди сиёсию ҳуқуқӣ тадриҷан боло бурдааст. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ аз ду маҷлис — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат мебошад, ки иштироки занон дар ҳар ду палата барои таъмини фарогирӣ ва рушди сиёсати ҳуқуқӣ нақши муайян дорад.

Занон бо пешниҳод ва таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо дар ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Инчунин барои таҳкими институтҳои демократӣ фаъолияти занон дар воҳидҳои сохтории Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар ҳайати кумитаҳои оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, оид ба иқтисод ва молия, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон,  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва комиссияҳои доимамалкунандаи он, аз ҷумла, Комиссияи экологӣ, Комиссия оид ба одоби вакилон  ва Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ба устувории низоми давлатдорӣ ва беҳбуди сиёсати соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Нақши занон дар қонунгузории Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҷомеа тадриҷан ба баробарии гендерӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон, махсусан занон дар қабули қарорҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ равона мешавад. Ин раванд на танҳо барои ҳифзи ҳуқуқҳои занон, балки барои устувории институтҳои демократӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Баробарии гендерӣ на танҳо арзиши иҷтимоиву фарҳангӣ, балки омили муҳими таъмини адолати сиёсӣ ва иқтисодӣ мебошад.

Ин аст, ки аз як даъват то даъвати дигари фаъолияти вакилӣ сафи занон дар мақоми олии қонунгузории ҷумҳурӣ меафзояд.

Таҳлилҳои Шурои байнипарламентӣ (Inter-Parliamentary Union, IPU, 2024) нишон медиҳанд, ки намояндагии занон дар парлумонҳои ҷаҳон ба 26,9 фоиз мерасад.

Давоми 25 соли охир (солҳои 1997–2022) иштироки занон дар Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври назаррас афзудааст. Агар соли 1997 занон ҳамагӣ 2,76 фоиз вакилони парлумонро ташкил медоданд, пас соли 2022 ин нишондод ба тақрибан 27 фоиз расид. Ҳамин тариқ, заҳмати пайвастаи давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва барномаҳои байналмилалӣ сабаб гардид, ки саҳми занон дар раванди қонунгузорӣ қариб даҳ маротиба бештар гардад.

Ин пешравӣ шаҳодати он аст, ки дар Тоҷикистон тадриҷан заминаҳои мусоид барои таъмини амалии сиёсати гендерӣ татбиқ гардида, татбиқи амалӣ ва коркарди механизмҳои таъсирбахш оид ба иҷрои босифати талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба баробарҳуқуқии мардон ва занон, ташкили барномаҳои таълимӣ барои занони роҳбар, инчунин ҷалби фаъолонаи занон ба ҳаёти сиёсӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ба ин раванд такони қавӣ бахшиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум 19 марти соли 2025 таъкид намуданд, ки ба ҳайати парламенти даъвати нав барои солҳои 2025-2030 18 нафар занон интихоб шуданд. Ин шумора аз вакилони даъвати гузашта 4 нафар зиёд буда, аз иштироки фаъоли онҳо дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ ва баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа дарак медиҳад.

Яъне, соли 2025 иштироки занон дар Маҷлиси намояндагон ба сатҳи қариб 30 фоиз расид, ки он ба тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор мувофиқ аст. Меъёри 30 фоиз ҳамчун сатҳи ҳадди ақалл барои таъмини мувозинати ҷинсӣ дар раванди қабули қарорҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Дар ин замина Тоҷикистон дар як мавқеи қобили қабул миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад.

Ин раванд танҳо пешрафти рақамӣ нест, балки як қадами муҳим дар самти таҳкими демократия, рушди устувор ва баробарии ҷинсӣ дар мамлакат мебошад.

Воқеан ҳам имрӯз занон дар мақоми олии қонунгузории ҷумҳурӣ ба неруи воқеии таъсиргузор табдил ёфтаанд. Саҳми занон дар қонунгузорӣ на танҳо баробариро таъмин мекунад, балки равандҳои қабули қарорҳоро инсонмеҳвар ва адолатманд месозад. Бо зиёд шудани сафи занон дар мақоми олии намояндагӣ ва иштироки онҳо дар ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ ва қонунгузорӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бештар ба эҳтиёҷоти ҷомеа мутобиқ мегардад ва сиёсат хусусияти инсондӯстона пайдо мекунад.

Бо назардошти муҳимияти нақши занон дар низоми қонунгузорим ҷумҳурӣ ва иштироки фаъолонаи вакилзанон дар ҳамоишу чорабиниҳо вобаста ба масъалаҳои гендерӣ, солимии занон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи Иттиҳоди занон таъсис дода шудааст. Ин як навъи фаъолияти иттиҳодияи ихтиёрии парлумон буда, барои васеъ намудани имкониятҳо ва беҳтар намудани вазъи занони Тоҷикистон, таъмини иштироки ҳамаҷонибаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ мусоидат менамояд.

Инчунин ҳадафи иттиҳод фаъолсозии сиёсии вакилонзанон, иштирок дар сатҳи қабули қарорҳо ва мусоидат ба муколамаи ҷамъиятӣ барои ҷорӣ кардани ҳассосияти гендерӣ дар соҳаҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани иқтидор ва рушди сифатҳои роҳбарикунандаи вакилонзанон мебошад.

Иттиҳодия фаъолияти худро дар доираи нақшаи чорабиниҳо амалӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои татбиқ намудани тадбирҳои назаррас вобаста ба рушди самтҳои муҳими ҷомеа чораандешӣ менамояд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкории пурмаҳсулу судманд ва гуногунҷабҳаи худ бо парлумонҳои мамолики хориҷӣ ва созмонҳои мухталифи байнипарлумонии ҷаҳон таваҷҷуҳи махсус медиҳад.

Дар ин раванд вакилони Маҷлиси намояндагон ба узвияти комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё пазируфта шудааанд. Дар ҳайати гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парламентҳои зиёда аз 70 давлати ҷаҳон дар таҳким ва тақвияти равобити байналмилалӣ, табодули таҷриба ва таҳкими дӯстиву бародарӣ саҳми муносиб гузошта истодаанд, ки роҳбарии аксари гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳайати онҳоро вакилзанон ташкил медиҳанд.

Вакилзанон дар баробари фаъолияти қонунгузорӣ инчунин ба фаъолияти эҷодиву омӯзгорӣ машғул буда, теъдоди зиёди онҳо дорои дараҷа ва унвонҳои баланди илмӣ мебошанд, ки ҳамчун олими соҳаҳои мухталифи давлатӣ ва мутахассиси соҳаҳо дар таҳия ва эҷоди қонунҳои нав, дар таҳрири нав таҳия намудани онҳо ва ворид намудани тағйиру иловаҳо барои таҳкими қонунгузории мамлакат саҳмгузорӣ менамоянд.

Таҳлили раванди иштироки занон дар мақоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки ин падида дорои хислати динамикии рушдёбанда мебошад.

Саҳми занон дар мақоми олии қонунгузории ҷумҳурӣ, дастовардҳои назарраси онҳо, мавқеи устувор ва нақши сифатии занон дар фаъолияти қонунгузорӣ самараи соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, ин раванд на танҳо омили муҳим барои таҳкими адолати иҷтимоӣ ва гендерӣ, балки яке аз шароити калидӣ барои рушди устувори демократия ва давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.

Инчунин нақши занон дар мақомоти қонунгузорӣ ба ташаккули низоми демократӣ, таҳияи қонунҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи эътимоди шаҳрвандон ба давлат, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, ислоҳоти қонунгузорӣ ва баланд бардоштани шуури сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа мусоидат мекунад.

Вакилзанони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ вазифаи дар Конститутсия ва қонунҳо муайяншудаи худро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулият ба хотири пешрафти имрӯзу фардои Тоҷикистон, рушди устувору босуръати иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатҳи баланд ва босамар амалӣ намуда, дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, амнияту суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва раванди созандагию бунёдкории Ватани маҳбубамон саҳми арзанда мегузоранд.

Дилноза АҲМАДЗОДА,
муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм,
маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, номзади илмҳои сиёсӣ

Август 21, 2025 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Балҷувон дар мавзуи «Сулҳу субот – омили рушди устувори соҳаи сайёҳӣ» вохӯрии судманд доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон муҳокима карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо сохтмони маҳаллаи навбунёд дар деҳаи Зарангаки ноҳияи Рашт шинос шуд
МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГИИ МИНТАҚА. Саҳми Президенти Тоҷикистон дар ҳалли он беназир аст
Бахшида ба Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ. Дар Тоҷикистон 5254 муассисаи тиббӣ фаъолият менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли каду бехобиро рафъ ва кори дилро муътадил нигоҳ медорад
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 31 сол пур шуд
Дар гардиши дараи Алмосӣ муҷассамаи гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ гузошта мешавад
17 АВГУСТ-РӮЗИ ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. 70 фоизи интиқоли борҳо дар ҷумҳурӣ ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат назаррас аст
Дар ноҳияи Кӯшониён Маркази саломатӣ ифтитоҳ гардид