НЕЪМАТЕ ХУШТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ! Муҳимтарин омили таҳкими истиқлоли Тоҷикистон густариши худшиносию худогоҳии миллӣ аст

ДУШАНБЕ, 28.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мардуми шарафманди мамлакати мо имсол 34 — солагии ҷашни бузурги миллӣ- Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо руҳияи идона таҷлил менамоянд. Шарҳи маънии мухтасари истиқлол дар тасмимгирӣ ва дар сарнавишти худ ба маънои озод будан аст. Мазмуну мантиқи сиёсии мафҳуми истиқлол он аст, ки давлат дар муайян намудани сиёсати худ ва сарнавишти худ мустақилона тасмим мегирад.
— Мо дар байни миллатҳо ва халқҳое, ки дар ҷаҳон арзи ҳастӣ доранду умр ба сар мебаранд, яке аз миллатҳои хушбахту саодатманд ҳастем, ки аз ин неъмати бузург, яъне истиқлол баҳравар мебошем. Зимнан, тамоми халқу миллатҳое, ки дар ҷаҳони имрӯз соҳибдавлат ҳастанду онро ҳифз намудаанд, истиқлолу озодиро осон ба даст наовардаанд.
Миллати соҳибтамаддуни тоҷик аз ҷумлаи миллатҳоест, ки ҳанӯз аз субҳгоҳи таърих соҳиби давлат ва девону дафтар буд. Бо мурури вақт ва дар марҳилаҳои таърих чандин маротиба марзу ҳудуди он тағйир ёфт. Вале руҳияи истиқлолхоҳиву соҳибихтиёрӣ зеҳни равшанфикрони миллатро ҳеҷ гоҳ тарк накарда буд. Дар ҳама давру замон арзишҳои бузурги маънавию фарҳангии худро ҳифз кард. Ҳамин руҳия омили асосии дубора эҳё гардидан ва ба истиқлол расидани тоҷикон гардид.
Истиқлол ба мардуми мо, пеш аз ҳама, неъмати бузургтарини ҳаёт- озодиро эҳдо намуд ва омили пешрафту тараққиёти мамлакати мо дар ҳама самту соҳаҳо гардид. Маҳз истиқлол имконият фароҳам овард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати моро шиносад. Истиқлол моро водор намуд, ки барои имрӯзу ояндаи худ тасмим гирифта, масъулият эҳсос намоем. Аз ҳама муҳим, истиқлол чашми мардумро боз кард ва ва барои миллат имконияти бузург фароҳам овард.
Насли замони мо хуб дар ёд дорад, ки истиқлол дар ибтидо мушкилоти сахту сангинеро барои мардум овард. Давлати собиқи шуравӣ чунин сохта шуда буд, ки ҳама ҷумҳуриҳои он аз ҳамдигар вобаста буданд. Бо коҳиш ёфтани робитаҳо мушкилот моро думболагир шуданд. Дар баробари ин ҷомеаро руҳияи яъсу ноумедӣ фаро гирифта буд.
Дар ҳамон лаҳзаҳои ниҳоят ҳассоси таърихӣ Тоҷикистон ба пешвои сиёсие эҳтиёҷ дошт, ки дер нашуда, пеши роҳи ҷанги пурфоҷеа ва даҳшатбори шаҳрвандиро бигирад, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз фаношавӣ эмин нигоҳ дорад. Хушбахтона, ақли солим боло гирифт ва вакилони ҳамонвақтаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раис интихоб намуданд, ки аз ҳамон лаҳза дигаргунии куллӣ ва таҳаввули ҷиддӣ дар мамлакат ба миён омад.
Ин аввалин дастоварди сиёсии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ буд. Соли 1997, ки созишномаи истиқрори сулҳ ба имзо расид, барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон заминаҳои боэътимоди пешрафту шукуфоӣ фароҳам омаданд. Ин рӯйдодҳои фараҳбахши сиёсӣ ҳамаро ҳушдор медиҳанд ва водор ба он андеша менамоянд, ки ба даст овардани истиқлол агар як тарафи масъала бошад, ҳифзу нигаҳдошт ва таҳкиму тавсеа бахшидани он масъалаи муҳимтар аст.
Дастовардҳои Тоҷикистон дар ҳама самту соҳаҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ назаррас мебошанд, ки ҳамаи онҳо аз ташаккули мактаб ва мудирияти сиёсӣ дар замони истиқлолият ба даст омадаанд.
Агар ин дастовардҳоро ба таври мушаххас арзёбӣ намоем, дар ин марҳалаи ҳассоси таърихӣ давлатдории мо аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт, тамомияти арзии мамлакат ҳифз карда шуд, аркон ва сохтори давлатдорӣ барқарор гашт, сулҳу амният ва ваҳдати миллӣ таъмин карда шуд, раванди эҳёи миллӣ самту суръат ёфт, буҳрони шадиди иқтисодӣ бартараф карда шуд ва мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафт.
Давоми 34 сол мо робитаю ҳамкории судмандро бо кишварҳои гуногуни олам ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба роҳ монда, густариш додем. Мамлакати мо имрӯз аъзои фаъоли беш аз 80 созмони бонуфузи байналмилалию минтақавӣ буда, бо зиёда аз 150 мамлакати дунё робитаҳои дипломатӣ, ҳамкории судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ дорад.
Ҳанўз то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мақомоти роҳбарии мамлакат бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки ба татбиқи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ шуруъ кунанд. Зеро нигоҳ доштани Истиқлоли сиёсӣ бе замина ва рушди истиқлоли иқтисодӣ ғайриимкон буд. Ҳамин буд, ки Роҳбари давлат ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикиро мушаххас намуда, барои ноил гардидан ба онҳо аз тамоми имконият истифода намуданд.
Ҳадафи асосии Сарвари мамлакат аз ин иқдоми созандаю бунёдкорона баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон аст. Пешрафту шукуфоии Тоҷикистонро имрӯз тамоми кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони хориҷӣ ва институтҳои илмию таҳқиқотии олам эътироф менамоянд. Ин падидаҳо аз ояндаи дурахшони Тоҷикистон дарак медиҳанд.
Шуруъ аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 9 қатънома вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуд, ки ин иқдоми бузург дар боло рафтани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон заминаи мусоид фарҳам овард.
Аз ҷумла, соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», «Соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва ниҳоят, 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 дар рӯйхати ҷашнвораҳои байналмилалӣ ворид гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо аз муҳимтарин иқдоми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Аз ҳамин хотир ҷомеаи байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳамаи ташаббусу иқдоми байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф намудааст.
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва афзудани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.
Имрўз ҳамчун давлат ба зинаи нави таърихи такомули худ, яъне ба марҳилаи рушди устувор ворид мегардад, ки он хусусият ва вазифаҳои комилан хоси худро дорад.
Дар иртибот ба фазои басе мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақаи Осиёи Марказӣ афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, кибертерроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, хурофоту ҷаҳолат ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа онро тақозо менамоянд, ки истиқлолияти миллӣ, ҳимояи манфиатҳои халқ ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дучори хатару таҳдидҳои ҷиддии хориҷӣ ва дохилӣ гарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати хориҷии худ зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун аъзои Созмони Милали Муттаҳид ба хотири дифоъ аз манфиатҳои миллӣ ва сулҳу субот дар мамлакат «сиёсати дарҳои боз »-ро пеш гирафтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар он кишвари солҳои 90-ум нест, ки либералистони он давра нақши давлатро поин оварда, Ватанро ба хоку хун кашанд.
Ҳамаи ин моро водор менамояд, ки дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол ҳамеша омода бошем. Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи дастовардҳои он кори аз он ҳам мушкилтар аст.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол муқаддам ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдории миллиро мушаххас намудаанд, ки бо камоли қатъият ва дар амал татбиқ намудани онҳо омили муҳимтарини таҳкими истиқлоли Ватан ба ҳисоб меравад.
Таҳкими аркону пояҳои давлатдорӣ дар шароити пуртазод ва мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад. Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти давлат ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем.
Муҳимтарин омили таҳкими истиқлоли мамлакат густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии мардум мебошад. Ҳамчунин зарур аст, ки ба маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
Мардуми мо бояд аз қонунҳои амалкунандаи давлати худ огоҳии комил дошта бошанд ва дар доираи онҳо амал намудан ва фаъолият карданро омўзанд. Як бахши фаъолияти ҳизби мо, бахусус аъзои Фраксияи мо дар Парлумон пайваста шарҳу тавзеҳи қонунҳои амалкунанда ва қабулшуда ба ҳисоб меравад, ки ин иқдом дар боло рафтани маърифати ҳуқуқии мардум аз манфиат холӣ нест.
Мардум бояд моҳияти равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, мақсади неруҳои ғаразноки берунӣ ва ҳадафи нақшаву барномаҳои давлати худро мустақилона ва ба таври дуруст дарку қабул карда тавонанд. Барои ин ба маърифати сиёсии мардум бояд таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Ин рисолати ҳизбҳои сиёсии мамлакат аст. Зеро ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳама давру замон ва дар ҳама кишварҳои олам мактаби ташаккули афкори сиёсӣ буданд ва ҳастанд.
Тақвияти фарҳангу маърифати сиёсӣ аз масъалаҳои асосии давлатдории муосири тоҷикон буда, ояндаи мо аз он вобастагии амиқ дорад. Доро будан ба фарҳанги сиёсӣ имкон медиҳад ки ба ҳар рӯйдоду воқеа, ки дар кишвар, минтақа ва ё гӯшаҳои мухталифи сайёра ба вуқуъ пайваста ва ба давлати мо низ таъсири бевосита мерасонад, баҳои объективона диҳем ва дар ин росто аз манфиатҳои миллат ва давлати худ ҳимоя карда тавонем.
Нокифоягии маърифати сиёсӣ раванди ташаккули миллатро кунд карда, амният ва сарнавишти миллатро зери хатари ҷиддӣ қарор медиҳад.
Баргузории чорабиниҳои оммавӣ – сиёсӣ ва таъмини иштироки мардум дар онҳо василаи тақвияти маърифати сиёсии мардум аст.
Пӯшида нест, ки яке аз сабабҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ бо сабаби нокифоягии маърифати сиёсӣ ба вуқуъ пайваст. Бояд аз он ҳодисаҳои пурфоҷиаву пурзарар, ки мардумро дар гирдоби ҳалокатбари худ қарор доданд, сабақ бигирем, хулосаҳои зарурӣ барорем ва дар оянда бо маърифати баланди сиёсӣ ба чунин иштибоҳҳои ҷиддӣ роҳ надиҳем.
Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳама ҷаласаҳои ҳизбӣ таъкид менамоянд, ки ба роҳ мондани чорабиниҳо барои ташаккули фарҳангу маърифати сиёсии аъзои ҳизб ба фаъолияти доимии ташкилоти ҳизбӣ бояд табдил дода шавад. Сохторҳои ҳизбии мо ва ташкилоти ибтидоӣ, ки хонишҳои сиёсӣ мегузаронанд, ин ҳам саҳми боризе дар ташаккули маърифати сиёсати шаҳрвандон хоҳад гардид.
Ҳамин аст, ки ба роҳ мондани чорабиниҳо барои ташаккули маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аъзои ҳизб ба фаъолияти доимии ташкилоти ҳизбӣ табдил дода шудааст.
Вазифаҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз барномаҳои он бармеоянд, ин таҳкими истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва таъмини амнияту субот, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳаёти осоиштаи давлат, фароҳам овардани шароит барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва меҳнати озод, рушди демократия, ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои мутараққии олам, мусоидат ба рушди маънавӣ ва ахлоқии миллат, муқовимат ба ҳар гуна шакли экстремизм, таъмини муносибати сазовор ба нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, фароҳам овардани имконият барои рушди ҷавонон ва ғайраҳо мебошанд.
Вазифаи бунёдии мо дар марҳилаи кунунӣ – тавассути ташкилоти ибтидоӣ дар амал татбиқ намудани сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.
Рисолати мо, аъзои ҳизб аз он иборат аст, ки идеяҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро дар байни мардум фаъолона тарғибу ташвиқ карда, ҳадафу нақшаҳои худро сарбаландона иҷро намоем.
Дар ин раванд дар даврони сулҳу субот ва оромии мамлакат бояд паҳлуи ҳамдигар бошем ва дар рушду нумуи ин сарзамини биҳиштосо даст ба дасти ҳамдигар заҳмат кашем.
Дар ҷодаи бузурги бунёдкориву созандагӣ кору пайкори ибратомӯз ва андешаҳои ҷаҳонсози Пешвои миллат барои ҳамаи мо сармашқи ибрату пайравӣ аст.
Фаъолияти созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ба сиёсати хирадмандонаи бунёдгузори он асос ёфтааст, реша ва пайванди маҳкам ба истеъдоди табииву заковати роҳбари он дорад.
Агар каме рамзӣ карда гӯем, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон акнун нақши қутбнамоеро дорад, ки дар уқёнуси пур аз мадду ҷазри сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир Тоҷикистонро имрўзу фардо ба масири амну осоиш мебарад. Ин масъулиятро ҳар аъзои ҳизби мо ҳамчун шаҳрванди ватандӯсти ин сарзамин бояд дарк намуда ва ин андеша ҳамеша дар зеҳни ӯ бояд ҷой дошта бошад.
Таҷлили ҷашни 34-солагии Истиқлол бори дигар миллати тоҷик ва тамоми мардумони Точикистонро зери ливои миллат бо ҳам меорад ва дӯстиву иттиҳод, амнияту субот ва ваҳдати миллӣ, ки кори дастҷамъонаи ҳамаи мост, бори дигар таҳкиму тақвият хоҳанд ёфт. Самараи ин баланд гардидани сатҳи зиндагӣ ва рушду пешравиҳои нав ба нави дигар хоҳад буд.
Маликшо НЕЪМАТЗОДА,
муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АКС аз бойгонӣ