НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 34 ҳазору 80 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзобро тамошо намуданд
ВАРЗОБ, 04.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 158 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 103 иншооти гуногуни ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуда, ҳоло дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ идома доранд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳия сохтмони шаш муассисаи таълимӣ идома дорад. Аз ин шумора 2 муассисаи таълимӣ аз ҳисоби маблағгузории буҷети маҳаллӣ, як муассисаи таълимӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва се муассисаи таълимии дигар аз ҳисоби соҳибкорон бунёд карда мешавад. Ба ин восита мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар соҳаи маориф бартараф карда мешавад», — гуфт Раиси ноҳияи Варзоб.
Иброз гардид, ки дар ноҳияи Варзоб 25 ёдгории таърихӣ мавҷуд мебошад. Инҳо 17 ёдгории бостонӣ, 8 ёдгории меъмории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошанд, ки рӯйхати онҳо дар таҳияи феҳристи давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ноҳияи Варзоб 1000 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст. Фаъолияти 110 минтақаи истироҳатии оммавӣ мавсимӣ буда, фаъолияти минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Комплекси лижаронии «Сафеддара» доимӣ мебошад. Дар онҳо барои қабули сайёҳон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, мунтазам фаъолият менамоянд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар шашмоҳаи якуми соли 2025 34 ҳазору 80 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзобро тамошо намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 378 нафар сайёҳ зиёд мебошад.
Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки варзишгарони ноҳияи Варзоб дар шаш моҳи соли 2025 дар 13 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 12 мусобиқаи минтақавӣ, 6 мусобиқаи байналмилалӣ ва 2 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Онҳо аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 38 медал, аз мусобиқаҳои минтақавӣ 40 медал ва аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 6 медал ба даст оварда, дар умум варзишгарони ноҳия сазовори 30 медали тилло, 31 медали нуқра ва 30 медали биринҷӣ гардиданд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид






