НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» ба муштариён беш аз 1 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудааст
ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Амонатбонк» аз раванди афзоиши пешниҳоди қарзҳо ба муштариён дар шашмоҳаи якуми соли равон иттилоъ медиҳад.
Раиси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода 5 август дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирии фаъолияти «Амонатбонк» дар соли равон иброз намуд, ки дар ин давра «Амонатбонк» аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 26 ҳазор мизоҷ қарз пешниҳод намудааст. Ҳаҷми умумии қарздиҳӣ беш аз 1 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 7,9 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра «Амонатбонк» асосан ба соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, тиҷорат, нақлиёт, сайёҳӣ, тандурустӣ ва хӯроки умумӣ қарз пешниҳод намудааст.
Алиҷон Салимзода иброз намуд, ки «Амонатбонк» барои дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини шароити беҳтари зиндагии аҳолии мамлакат ба пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ ва ипотекӣ низ аҳамияти махсус медиҳад. Соли равон ба 113 нафар муштарӣ қарзҳои ипотекӣ ба маблағи 14 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 4 маротиба зиёд аст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пахта бо маром идома дорад
Дар Корея рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Дар Сеул байни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2523 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд






