НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
РӮДАКӢ, 04.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 10 ҳазор аризаи эҳтиёҷмандон барои гирифтани қитъаи замин мавҷуд аст, ки баррасии ин аризаҳо мутобиқ ба имконияти мавҷуда амалӣ шуда, дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ба муроҷиаткунандагон ҷавоб дода мешавад. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ иброз намуд, ки ҳолатҳои ғасби худсаронаи замин дар ноҳияи Рӯдакӣ нисбат ба солҳои гузашта коҳиш ёфтаанд, ки ин натиҷаи тадбирҳои андешидаи мақомоти дахлдор мебошад.
Баён гардид, ки яке аз мушкилоти ҷиддие, ки ҳоло мавҷуд аст, истифодаи ғайримақсаднок ва сатҳи пасти маданияти истифодаи самараноки замин, махсусан аз ҷониби роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.
«Мутаассифона, роҳбарони аксар хоҷагиҳо масъулияти истифодаи дурусти заминҳои обиро дарк намекунанд. Аз 696 хоҷагии деҳқонӣ, ки дар ноҳия сабти ном шудаанд, аксарият дастурҳои дурнамои киштро риоя накарда, заминҳои обиро танҳо барои кишти хӯроки чорво истифода мебаранд ё умуман бекор гузоштаанд»,-таъкид намуд Абдуғаффор Ҳикматуллозода.
Бо мақсади рафъи чунин ҳолатҳои қонуншиканӣ мақомоти иҷроияи ноҳия ба судҳои марбута зиёда аз ҳафт даъво пешниҳод намуд, то ҳуқуқи истифодаи замин аз ҷониби роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ қатъ карда шавад.
Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






