НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Шаҳринав дар шаш моҳ ду корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд

Август 5, 2025 09:33

ШАҲРИНАВ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия ва иҷрои талаботи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар 7 муассисаи томактабии ноҳияи Шаҳринав 809 кӯдак ва дар назди 48 муассисаи таълимии ноҳия 73 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдакон фаъолият доранд. Дар онҳо 1780 нафар кӯдакони 5-6-сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Иҷрои барномаи амалкунанда дар мавриди бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шаҳринав 21,8 фоизро ташкил медиҳад. Ин матлабро Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода 4 август зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.

Дар айни замон дар ноҳия сохтмони як муассисаи томактабии дигар идома дошта, он дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Шаҳринав дар шаш моҳи соли равон ба 29 миллиону 651 ҳазору 800 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2024 як миллиону 298 ҳазору 500 сомонӣ зиёд мебошад. Ҳоло шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия ба 30 адад расида, дар давраи ҳисоботӣ 6 корхона бо сабабҳои гуногун фаъолият накард. Ду корхонаи саноатӣ барҳам дода шуда, як корхонаи саноатӣ намуди фаъолияти худро дигар намудааст. Инчунин дар ин давра ду корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бо 6 ҷойи кор ба истифода дода шуд, ки дар яке набот ва дар дуюмӣ мебел истеҳсол карда мешавад.

Тавре дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, соли равон кишоварзони ноҳияи Шаҳринав 11 ҳазор тонна маҳсулоти ғаладонагӣ, 2816 тонна картошка, 10 ҳазору 693 тонна сабзавот, 6532 тонна меваҷот, 2816 тонна хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд. Аз ин миқдор ба хориҷи мамлакат зиёда аз се ҳазор тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ содирот гардид.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 5, 2025 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст