НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Зиёда аз 57 миллион сомонӣ маблағ ба манфиати модару кӯдак ситонида шудааст

Август 5, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба Хадамоти иҷро 5 ҳазору 816 истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардид. Аз солҳои пешин дар маҷмуъ 102 ҳазору 845 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дорад. Дар ин хусус имрӯз сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

«Зиёда аз 57 миллиону 329 ҳазору 590 сомонӣ аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак ситонида шуд, ки назар ба ҳамин давраи сипаришуда 35 миллиону 904 ҳазору 75 сомонӣ зиёд мебошад. Дар раёсати пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронии Хадамоти иҷро барои напардохтани маблағҳои қарзӣ 1 ҳазору 308 нафар шахси воқеӣ ва 10 шахси ҳуқуқӣ ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ворид карда шудаанд», — гуфт Аҳтам Абдуллозода.

Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба Хадамоти иҷро 239 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд ворид гардидааст. Ҳамаи муроҷиатҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кормандони мақомот байни аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо дар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва марбут ба соҳаи истеҳсолоти иҷро 953 вохӯрию суҳбат ва баромад намуда, дар нашрияҳои давлатӣ мақолаҳо ба чоп расониданд.

Инчунин дар нишаст таъкид гардид, ки вобаста ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 моҳи марти соли равон дар сохтори хадамот шуъбаи рақамикунонии истеҳсолоти иҷро таъсис дода шудааст. Тадбирҳои муассир барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва ҳарчи зудтар гузаштан ба низоми рақамикунонии соҳаи истеҳсолоти иҷро андешида мешаванд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 5, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад