Низоми баҳогузории 10-хола заминаи асосии ворид гардидан ба меъёрҳои байналмилалии таҳсил мебошад

ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф тадриҷан ба марҳалаи нав ворид гардида, дар мамлакат шароити таҳсилу омӯзиш барои фаро гирифтани донишҳои замонавӣ фароҳам оварда шудааст.
Имрӯз имконот ва шароит барои таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсил таъмин гардида, барои ворид гардидан ба таҳсилоти ҷаҳонӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумат мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Аз ин ҷост, ки сол то сол сатҳу сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ баланд гардида, дастоварди хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ назаррас мебошад.
Бо рушди технологияи муосир ва татбиқи навгониҳои таълим дар ҷаҳони муосир соҳаи маорифи ҷумҳурӣ низ ислоҳоти бомаром пайдо мекунад. Ҳадафи ислоҳот аз он иборат аст, ки хонандагон, аз як тараф, бояд ҳамқадами замон бошанд ва аз ҷониби дигар, донишҳои муосирро зуд азхуд намоянд. Ба ин мазмун чандест, ки Вазорати маориф ва илм таҷдиди назар намудани мазмуни таҳсилот ва баҳодиҳӣ ба натиҷаҳои таълим ва омӯзишро дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ва гузаштан ба низоми баҳогузории 10-хола устуворона идома медиҳад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 1 сентябри соли 2022 дар бораи зарурати гузариш ба низоми баҳодиҳии бисёрхола чунин пешниҳод намуданд: «Бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ татбиқ карда шавад».
Ҷараёни ислоҳоти низоми таҳсил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардидани баҳогузории бисёрхола бо мақсади мутобиқ сохтани низоми арзёбии дониши хонандагон ба меъёрҳои таҳсилоти байналмилалӣ ба шумор меравад. Дар ин замина Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, зерсохторҳои он, олимон, коршиносон ва омӯзгорон афзалияти гузариш ба низоми бисёрхолаи баҳогузориро дар муқоиса бо низоми муқаррарии баҳогузории 5-хола чунин арзёбӣ намудаанд:
— дар раванди арзёбӣ аз рӯйи низоми баҳогузории 5-хола омӯзгор танҳо аз чор баҳо – «2» (ғайриқаноатбахш), «3» (миёна), «4» (хуб), «5» (аъло) истифода бурда, ба баҳои «1» эътибор намедиҳад, ки ин омил боиси воқеӣ набудани баҳо ба дониши хонанда гардидааст;
— дар бисёр ҳолатҳо ба ҳаҷми муайяни дониши хонанда як омӯзгор баҳои «3», омӯзгори дигар баҳои «4» мегузорад ё баръакс. Баҳогузорӣ дар чунин вазъият на ба риояи низом ва меъёрҳои арзёбӣ, балки бештар ба ҳолати равонӣ вобастагӣ пайдо мекунад;
— супоришҳое, ки аз тарафи хонанда иҷро карда мешаванд, аз ҳамдигар фарқ доранд, вале ин фарқро дар низоми 5-хола инъикос намудан ғайриимкон аст. Масалан, агар 8 хонанда аз 30 нафар баҳои «5» гиранд, муайян кардани ҷавоби беҳтарин имкон надорад.
— ба арзёбиҳои ташхисӣ, ташаккулдиҳанда ва ҷамъбастӣ дар сатҳи синф таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда намешавад.
Дастовардҳои таълимии хонандагон аз рӯйи ҷадвали ифодаи рақамии низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои (чаҳордараҷаӣ)-и арзёбии сатҳи дониш, малака ва маҳорати хонандагон баҳогузорӣ карда мешаванд. Дараҷаи паст холи (баҳо)-и 1-ро дар бар мегирад, ки ба хонанда аз рӯйи азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии он дар ҳаҷми пасттарин ҳам таъмин карда нашудааст, гузошта мешавад. Дараҷаи ғайриқаноатбахш – баҳои 2 ба хонандае гузошта мешавад, ки азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии онро дар сатҳи паст нишон дода, ба хатоҳои ҷиддӣ ва ҷузъии зиёд роҳ медиҳад. Дараҷаи нокифоя – баҳо (хол)-и 3 мебошад, ки дар он хонанда маводи назариявӣ ва амалии таълимиро бо кумаки омӯзгор дар ҳаҷми нокифоя аз худ мекунад, вале дар амал онҳоро татбиқ карда наметавонад. Дараҷаи миёна – баҳои (хол)-и 4 ба хонандае гузошта мешавад, ки мазмуни қисмҳои матн, қоидаҳо, таърифҳо, формулаҳо, қонунҳо ва ғайраро камтар аз ҳадди ақалли талаботи барномаи таълим аз худ мекунад;
— хусусияти маводи омӯхташударо пай дар пай баён мекунад…
Ҳамин тавр, баҳои (хол)-и 10 ба он хонандае гузошта мешавад, ки азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии онро бештар аз талаботи барномаи таълим намоиш медиҳад;
— дар раванди омӯзиш фикру идеяҳои дуруст пешниҳод мекунад ва тавассути муқоиса, таҳлил, хулоса ва қабули қарорҳои дуруст мушкилоти иҷрои супоришро дар вазъияти маъмул ва ғайримаъмул пурра бартараф месозад:
— малакаҳои эҷодӣ, таҳлилӣ, таҳқиқотӣ ва иртиботии худро рушд медиҳад, ба ягон хато роҳ намедиҳад, аз адабиёти иловагӣ васеъ истифода мебарад.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди гузаштан ба низоми 10-холаи баҳогузориро тавассути гурӯҳҳои корӣ дар 140 муассисаи таълимӣ ба роҳ монда, аз ҷониби мутахассисони соҳа ба таври амиқ мавриди таҳқиқ ва таҳлилу омӯзиш қарор додааст.
Дар «Дастурамал оид ба озмоиши низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2023)» оварда шудааст, ки натиҷаи арзёбии ҷамъбастии ниҳоӣ дар журнали синфӣ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамчун баҳои ҷамъбастии нимсола, солона ва аттестатсия қайд карда мешавад. Баҳогузорӣ ба дониш, малака, маҳорат ва рафтори хонандагони дар шакли рақамии (1,2,3,4,5,6,7,8,9,10) гузошта мешавад. Дар рӯзномаю дафтари кории хонанда баҳогузорӣ дар шакли рақамӣ ва дар қавс ба таври хаттӣ гузошта мешавад:
10 (аъло), 9 (олӣ), 8 (хубтар), 7 (хуб), 6 (кофӣ), 5 (қаноатбахш), 4 (кам), 3 (нокифоя), 2 (пасттар), 1 (пасттар).
Маълум аст, ки соҳаи маориф ҳамвора рушду такомул ёфта, навгониҳои зиёд дар ин самт ба вуҷуд меоянд. Аз ин рӯ, низоми баҳогузории 10-хола имкон медиҳад, ки низоми маорифи мо ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ гардад ва ҳангоми баҳогузорӣ шаффофият риоя карда шавад. Дар илми педагогика ва психология муайян карда шудааст, ки арзёбии дурусту холисонаи дониши хонанда ба ӯ таъсири руҳию равонӣ мегузорад. Низоми баҳогузории 10-хола имкон медиҳад, ки ба ҳар хонанда баҳо ба таври воқеӣ гузошта шавад. Ин омил шавқу рағбати онҳоро ба омӯзиш ва азхуд намудани муҳтавою идеяи китобу дастур ва барномаи таълимӣ зиёд мегардонад.
Дарвоқеъ, гузаштан ба низоми баҳогузории 10-хола дар заминаи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Стратегияи милии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» ва қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи «Дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳогузорӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон» ба роҳ монда мешавад. Бинобар ин, гузаштан ба низоми баҳогузории 10-хола қадами устувор дар масъалаи пешрафти бомароми соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, омили муҳим барои ворид гардидан ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот мебошад.
Хуршед ДАВЛАТАЛИЗОДА,
сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС аз манбаъҳои боз