Оғози тақсими “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
ДУШАНБЕ, 19.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тақсими шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расид, оғоз ёфт.
Тақсим намудани ин шоҳасар, ки бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонаводаи аҳолии кишвар бояд дастрас карда шавад, аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт шурӯъ шуд.
Ин иқдоми наҷибу камназири Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат “пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад”.
Мардуми кишвар аз оғози татбиқи ин иқдоми ватандӯстона изҳори сипосу қадрдонӣ намуда, аз ҷумла таъкид менамоянд, ки он ба таҳкими ҳисси ифтихору сарфарозӣ ва масъулияти ватандории ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад дошт.
Китоби мазкур дар Нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои «Шоҳнома» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла мефармоянд: «Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт».
Президенти кишвар аз мавзӯъҳои меҳварии ин шоҳасар: ситоиши донишу хирад, тарғиби ватанхоҳию ватандӯстӣ, тараннуми истиқлолу озодӣ, ташвиқи баробарии инсонҳо, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва адолату дод бар беадолативу бедодӣ ёдовар мешаванд, ки баъд аз ҳазор сол дар рӯзгори имрӯзаи мо низ аз аҳамияти бузург бархӯрдоранд.
Дар идома таъкид мегардад, ки фалсафаи волои Фирдавсӣ моро аз гузаштаамон огоҳ сохта, барои наслҳои имрӯзу фардо сабақи омӯзанда ва ибратбахш медиҳад. Бахусус, дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки аз байн рафтани давлатҳо, миллатҳо, забон ва фарҳангҳои бумиро дар пай дорад, мо ба афкору андешаҳои ватандӯстона ва ҳувиятсози «Шоҳнома» ниёзи бештар дорем.
Мавриди зикр аст, ки ин иқдоми наҷиб ва фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар ташаббусҳои созандаашон, аз ҷумла нашр ва тақдими асари барҷастаи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба ҳар як хонавода метавонад барои боло рафтани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии ҳар сокини кишвар хидмат карда, барои тарбияи насли бедору созанда ҳамаҷониба мусоидат намояд.
Агар аҳамияти “Шоҳнома” ва шоҳномахониро дар роҳи тарғиб ва таҳкими ватанхоҳию ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари худ ба таври кӯтоҳу муъҷаз бигӯем, пас беҳ аз худи Фирдавсӣ касе ӯро васф накардааст, ки мегӯяд:
Ҳар он кас, ки шаҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Ва ё
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд






