Ғолибони даври шаҳрии озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 14.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ — фарҳангӣ таҳти унвони «Нақши оила дар рушди давлат ва ҷомеа» ва ҷамъбасти даври шаҳрии озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини давлатдориамон оила чун рукни муҳими давлат эътироф гардидааст. Бузургтарин ҳадафе, ки имрӯз дар назди Ҳукумати мамлакат қарор дорад, бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ мебошад.
Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои ҳуқуқиву иҷтимоии марбут ба солимӣ ва пойдории оилаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти таҳкими заминаҳои ташаккули оила ва дастгирии оилаҳо, ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила якчанд санадҳои меъёри ҳуқуқиро ба тасвиб расонидааст, ки мавриди амал қарор доранд.
Мақсади қабули қонуну қарорҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои оила ва аъзои оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, тақвияти заминаҳои иқтисодию иҷтимоии таҳкими оила ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ мебошад.
Ҳадаф аз баргузории озмунҳо баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоӣ, меҳру муҳаббати самимӣ байни ҳамсарон, тарбияи дурусти насли солиму ояндасози миллат, нигоҳдорандаи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ, тақвияти мақом ва нақши оила дар ҷомеа, боло бурдани маърифати ҳуқуқии аъзои оила ва рӯзгордории оилаҳо мебошад.
Дар даври шаҳрии озмуни «Ҳамсари беҳтарин» бештар ба мардҳо афзалият дода шуд. Яъне, марди оила бояд ҳамаҷониба рушдёфта бошад, нисбат ба аъзои оила ва сатҳи маърифатнокии аҳли оила муносибати хуб дошта, дар илмомӯзию касбомӯзии онҳо, меҳнатпарастию меҳнатдӯстии фарзандон, таъмини шароити муносиб барои кору таҳсил, ҷалби фарзандон ба варзиш ва корҳои ҷамъиятӣ ва дигар самтҳои рушди оила саҳмгузор бошад.
Иштирокчиён дар даври шаҳрии озмуни «Фарзанд – боғи падару модар» бояд дорои маълумоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олӣ, ҳунарманд, иштирокчии фаъоли озмунҳо, олимпиадаҳо ва чорабиниҳои варзишӣ, китобхон ва соҳибсухан, намунаи ибрати наврасону ҷавонон дар масъалаи ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон ва дар байни ҷомеа бо рафтору гуфтори ҳамида намунаи ибрати дигарон бошанд.
Дар анҷом ғолибони даври шаҳрии озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» муайян гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмунҳо роҳ ёфтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳриДушанбе








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






