Омӯзгорони тоҷик дар Корея соҳиби сертификати Барномаи «KLIC LEAD Global Workshop 2025» гардиданд

Август 14, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 14.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба 30 омӯзгори Тоҷикистон, ки дар даври омӯзишии Барномаи «KLIC LEAD Global Workshop 2025» дар Корея иштирок намуданд, сертификат супорида шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 13 август дар шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея  даври омӯзишии ин барнома ҷамъбаст гардида, аз ҷониби роҳбарияти Департаменти маорифи шаҳри Сеҷонг ба иштирокчиён сертификатҳои хатми барнома супорида шуд.

Барнома машғулияти амалӣ оид ба зеҳни сунъӣ (AI), барномасозӣ, омӯзиши асосҳои рақамии таълим, истифодаи EduTech, тарҳрезии дарс, шиносоӣ бо муассисаҳои таълимии инноватсионӣ, ширкатҳои пешрафтаи технология ва фарҳанги Кореяро дар бар гирифт.

Даври омӯзишии байналмилалии «KLIC LEAD Global Workshop 2025» 4 август оғоз шуда, 13 август ба анҷом расид. Он дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти маорифи шаҳри Сеҷонг гузаронида шуд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 14, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд